Аз Универсиадаи 29-ум бе медал

Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи 29-уми ҷаҳонии тобистона, ки аз 19-ум то 30-юми август дар шаҳри Тайпейи Тайван баргузор шуд, бе медал баргаштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгари донишҷӯ дохил буд, ки дар рақобатҳо оид ба ҷудо, варзиши сабук ва тенниси рӯи миз иштирок карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 101 медал (37 тилло, 27 нуқра, 37 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд.

Дар сабқати ҷудо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни зери 73 кило дар аввалин қувваозмоияш бар варзишгари русиягӣ Лечи Эдиев пирӯз гашт, вале дар даври баъдӣ аз рақиби аргентинӣ  Алеҷандро Ферер Клара шикаст хӯрд.

Чор варзишгари дигари тоҷик дар намудҳои гугогуни варзиши сабук рақобат карданд. Шӯҳрат Усмонов дар давраии интихобӣ дар давидан ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 54,59 сония дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин – ҳафтум ҷой гирифт. Фаридун Ашӯров дар мусобиқаи интихобӣ оид ба гулӯлапартоӣ дар гурӯҳи “В” бо натиҷаи 12,23 метр дар байни 11 нафар мақоми даҳумро ишғол кард ва ба даври баъдӣ роҳ наёфт. Инчунин ӯ дар ҳаво додани диск натиҷае нишон надод. Абдурауф Мӯсоев низ дар давраи пешакии гурзандозӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 53,38 метр дар ҷойи охирин – даҳум — қарор гирифт. Ӯ ҳам аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт. Ҳусниддин Зарифов дар давраи интихобӣ дар ҷаҳидан ба баландӣ бо натиҷаи 2 метру 5 сантиметр (гурӯҳи “А”) дар байни 13 нафар мақоми 11-умро ишғол намуда, аз идомаи мубориза барои медалҳои Универсиада маҳрум гардид.

Ду донишҷӯдухтар – Заррина Шарифова ва Шаҳноза Баротова  дар мусобиқаи тенниси рӯи миз иштирок карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ дар даврҳои муқаддамотӣ Заррина аз Малак Хоурӣ (Лубнон) бо ҳисоби 1:3 ва Константина Паридӣ (Юнон) бо ҳисоби 0:3, Шаҳноза бошад, аз Антонг Ангел Занг (Австралия) бо ҳисоби 0:3 ва Наи Хинг Ҷианг (Зеландияи Нав) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд.

Дар Универсиадаи 29-уми ҷаҳонии тобистона намояндагони 140 кишвар аз рӯи 21 намуди варзиш барои 275 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Варзишгарони 66 кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд ва намояндагони 43 кишвар барандагони нишонҳои тилло гардиданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 101 медал (37 тилло, 27 нуқра, 37 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 82 медал (30-22-30) дар мақоми дувум ва мунтахаби Тайван бо касби 90 медал (26-34-30) дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Ба ёд меорем, ки мунтахаби варзишгарони донишҷӯи Тоҷикистон соли 2013 дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия бо шумули 45 варзишгар дар нӯҳ риштаи варзиш ширкат карда, 5 медал гирифта буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *