Аз вазорати маориф то Агентии омор. Боз кадом ниҳодҳо ба камбудӣ роҳ доданд?
Ҷамшед Каримзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ чанд ниҳоди давлатиро ном бурд, ки ба камбудию норасоии молиявӣ роҳ додаанд.
Аз ҷумла, масъулини Палатаи ҳисоб дар ниҳодҳои зерин барои роҳ додан ба камбудиҳои молиявӣ дар соли 2024 ошкор намудаанд:
-Вазорати маориф ва илм 11,7 миллион сомонӣ;
-Агентии захираҳои моддӣ ва сохторҳои он 9,2 миллион сомонӣ;
-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 7,5 миллион сомонӣ;
-Вазорати энергетика ва захираҳои об 5,8 миллион сомонӣ;
-Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ 5,7 миллион сомонӣ
Кумитаи телевизион ва радио 1,7 миллион сомонӣ;
-Агентии омор 728,5 ҳазор сомонӣ;
-Акедемияи идоракунии давлатӣ 672,6 ҳазор сомонӣ;
-Тоҷикфилм 338,3 ҳазор сомонӣ;
-Донишгоҳи технология ва инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 318,8 ҳазор сомонӣ;
-Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 160 ҳазор сомонӣ;
-Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара 653,3 ҳазор сомонӣ.
Маблағҳои ошкоршуда ба буҷети давлатӣ баргардонида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ