Аз WHATSAPP ва TELEGRAM эҳтиёт бошед!

Як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи созмони тундрави Ҷабҳат-ун-нусра дастгир шудааст. Гуфта мешавад, Бахтиёр Қулубиддинов бо лақаби Алӣ Абдуллоҳ дар шабакаҳои WhatsApp ва Telegram ҳудуди 100 пайрав ҷамъ карда, онҳоро ба «ҷиҳод” ташвиқ мекард ва барои ҷангҷӯён дар Сурия пул ҷамъ меовард.

Расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми таблиғи гурӯҳи мамнӯи Ҷабҳат-ун-нусра ва ҷамъоварии пулу нерӯ барои ин созмони тундрав хабар доданд.

Як манбаи хабаргузории РБК дар пулиси Маскав гуфт, ба зидди ин зодаи Тоҷикистон бар асоси моддаи 205-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми мусоидат ба фаъолияти террористӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд: «Моҳи октябр ба пулис иттилоӣ расид, ки як ҷавон худро Алӣ Абдуллоҳ муаррифӣ карда, ба сафи созмони дар Русия мамнӯи Ҷабҳат-ун-нусра одам ҷалб мекунад.”

РБК бо такя ба манбаи дигари худ дар Кумитаи тафтишоти Русия менависад, таҳқиқи пулис нишон дод, ки зодаи Тоҷикистон Бахтиёр Қулубиддинов, ки дар ҳудуди фурӯшгоҳи «Москва” (маъруф ба «бозори Любоино”) дар гулгашти Тихоретский зиндагӣ мекард, ақидаҳои муборизаи мусаллаҳона ба зидди кофиронро таблиғ ва дӯстони худро ташвиқ мекунад, то барои ҳимоят аз мусалмонони мазлум, ки таҳти ҳамлаи нирғҳои низомии Русия қарор доранд, ба Сурия раванд.

Ин манбаъ мегӯяд: «Қулубиддинов барои сӯҳбат бо ҳаммаслаконаш аз як чат дар шабакаи WhatsApp, ки тақрибан 100 узв дошт, истифода мебурд.”

Ин манбаъ меафзояд, ки Бахтиёр Қулубиддинов ва ҳаммаслаконаш дар ин чат дар бораи ҷангҳои Сурия сӯҳбат мекарданд, наворҳо дар бораи фаъолияти Ҷабҳат-ун-нусраро мегузоштанд ва ҳамчунин барои кумак ба ҷангҷӯён дар Сурия пул ҷамъ мекарданд.

Нашрияи русии «КП” бо такя ба манобеи худ навишт, ки Бахтиёр Қулубиддинов ҳамчунин дар шабакаи Telegram низ барои тамос бо пайравонаш як чати алоҳида доштааст.

РБК аз қавли мақомоти тафтишотии Русия навишт, ки Бахтиёр Қулубиддинов баъди боздошташ тасдиқ кардааст, ки бо номи Алӣ Абдуллоҳ ба узвияти Ҷабҳат-ун-нусра пайваста буд ва дар шабакаҳои WhatsApp ва Telegram маводи таблиғотии воизони ифротиро нашр мекард.

Дар Кумитаи тафтишоти Русия гуфтаанд, ки «телефони Бахтиёр Қулубиддинов ва дигар васоили электронии аз ӯ мусодирашударо барои ташхис фиристодаанд. Натиҷаҳои ин ташхис бояд даст доштани ин зодаи Тоҷикистон дар таблиғи гурӯҳи ифротии мамнӯъ ва талоши ҷалби афрод ба сафи Ҷабҳат-ун-нусраро собит кунад.”

Аммо дар маъмурияти бозори «Москва” ба РБК гуфтаанд, ки Бахтиёр Қулубиддинов ҳеҷ гоҳ дар ҳудуди ин бозор зиндагӣ намекард. Ҳоло ин зодаи Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудааст ва тибқи қонунҳои Русия, ба вай то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 1100 нафар аз зодагони ин кишвар ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои ба номи «ҷиҳодӣ” афтода, ба Ироқу Сурия рафтаанд ва асосан ба ду созмони умдаи ифротӣ- ДОИШ («Давлати исломӣ”) ва Ҷабҳат-ун-нусра пайвастаанд.

То имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 300 ҷангии тоҷик дар он ду кишвари ҷангзадаи арабӣ гузориш шудааст.

Абу Суфён, як маркази таҳқиқоти ҳаракатҳои тундрави исломӣ моҳи гузашта навишт, ки ба ҳисоби ин созмон, ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчунон дар Сурияву Ироқ боқӣ мемонанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон соли гузашта дар як мақола навишта буд, ки тақрибан 80 дарсади ҷангҷӯёни тоҷике, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ афтодаанд.

Ҷабҳат-ун-нусра як гурӯҳи тундравест, ки дар Сурия ба зидди режими Башор Асад меҷангад ва дар айни замон дар арсаи «ҷиҳод” таҳти парчами дин бо ДОИШ низ рақобат дорад. Фаъолияти Ҷабҳат-ун-нусра ва ДОИШ дар Русия ва ҳамчунин дар Тоҷикистон расман манъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *