Аз як хонавода 8 кӯдак бар асари гуруснагӣ фавтид

Аввал падар аз бемории саратони мағз ва баъдан модар дунёро падруд гуфта, 8 фарзандашон ятим монд. Онҳо рафтанд ва гумон доштанд, ки тифлакони ятимашон дар ин дунёи пурмоҷаро давомдиҳандаи умрашон хоҳанд буд. Аммо қисмат инро нахост. Дунболи падару модар фарзандони ятимондаашон аз гуруснагӣ ҷон ба ҷонофарин арзонӣ доштанд… Дареғо қисмати сангине, ки болои мардуми сарзамини ҳамсоя бор гаштааст, басо нигаронкунанда буда, хафи гуруснагӣ дорад то рафт бештар шуда, нодориву тангдастӣ  мардумро доман гирифтааст. ..

Дар ҳамин раванд Раҳбари ҷамоати Ҳазораҳо аз фавти 8 кӯдак бар асари гуруснагӣ хабар дод.

Дар Афғонистон 8 кӯдак аз як хонавода бар асари гушнагӣ ҷон аз даст доданд. Дар ин бора роҳбари Ҳазораҳо Муҳаммад Муҳақиқ хабар дод ва дар марги ин тифлон ҳукумати «Толибон»-ро масъул хонд.

Сиёсатмадор гуфт, «Толибон»* наметавонанд амнияти мардум, аз ҷумла дастрасӣ ба ғизоро таъмин кунанд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки пеши роҳи гуруснагӣ дар Афғонистонро бигиранд.

Ба иттилои Муҳақиқ ин 8 кӯдак аз як хонаводаи камбағал буданд, ки падари онҳо гирифтори саратони мағзи сар шуда, чанде пеш фавтид. Пасон модарашон низ ин дунёро падруд гуфту таъмини 8 фарзанди ятиммондаи онҳо ба дӯши ҳамсоягон монд, ки худ низ зиндагии фақирона доштанд.

Раҳбари Ҳазораҳо мегӯяд, «Толибон»* ҳарчанд аз фавти мармузи ин 8 ноболиғ хабар доранд, вале парвое надоранд.

Қаблан Созмони Милали Муттаҳид эълон дошт, ки то охири моҳи сентябр дар Афғонистон шояд ҳеҷ захираи ғизоӣ боқӣ намонад.

Дэвид Базли, директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ хабар додааст, ки гуруснагӣ ба сабаби бӯҳронест, ки пас аз ишғоли қудрат дар кишвар аз ҷониби ҷунбиши радикалии Толибон (созмоне, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст) оғоз шуд, ба 14 миллион нафар дар Афғонистон таҳдид мекунад.

Ҷомеаи ҷаҳонб ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар бояд оид ба ин вазъи ба амал омада, дар Афғонистон бонги хатар занад ва ҳар чи зудтару саривақтӣ ба мардуми сарзамини афғон кӯмакҳои башардӯстона расонида, пеши роҳи гӯруснагӣ ва фавтро бигиранд. Вагарна, таърих онҳоро нахоҳад бахшид!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *