Аз занҳои холдор гурезон шудам-мегӯяд Аҳлиёр

Зани якумамро бо сабаби дар баданҳояш холҳои зиёд доштанаш талоқ дода будам.

Қариб се сол сари танҳо гашта, баъд бо маслиҳати дӯстонам аз нав хонадор шудам. Зани дуюмам духтараки 18-солаи хеле зебо буд, вале дар шаби аввали зиндагиамон аён гашт, ки бадани мисли булӯр зебояш пур аз хол аст. Табъам хира шуд. Бо  зани холдор дар як бистар хоб кардан бароям ногувор буд, аммо лаб зери дандон гирифта тоқат мекардам. Сабру тоқати ман ҳамагӣ ба як моҳ расид. Рӯзе ба арӯс дарди диламро баён намуда гуфтам: “Аз зани аввалаам маҳз ба хотири холдор буданаш ҷудо шуда будам, вале тақдир маро боз бо туи танат пур аз хол рӯ ба рӯ намуд. Дидани хол аз кӯдакӣ ғаши маро меорад. Дигар тавонӣ бо ту дар як болин сар мондан надорам, биё ба хубӣ ҷудо мешавем.” Ҳамсарам инони гиряро сар дода, пойҳоямро бӯсакунон илтиҷо намуд: “Ман сағерадухтарам, ғайри ту дигар ягон пушту паноҳ надорам, илтимос, маро дар зери таънаву маломати янгаву тағоям намон!” Дилам ба ҳолаш сӯхту рӯзи дигар занамро ба беморхона бурдам, то холҳояшро ҷарроҳӣ карда, бурида партоянд, вале табибон баъди муоина гуфтанд, ки ин ғайри имкон аст. Сари қаҳр арӯсамро ба хона оварда талоқашро додам. Бечора бо ашки шашқатор либосҳояшро ҷамъ намуда, баромада рафт. Боз дар хонаи сард сари танҳо мондам. Ҳоло ба хотири танҳоиро эҳсос накардан дар бозор савдо мекунам. Ҳар гоҳ мардҳоро бо зану фарзандонашон шоду  хурсанд бубинам, дилам хун мешавад ва ба тақдири бадам ҳазорон лаънат мехонам, ки маро танҳо бо занҳои холдор рӯ ба рӯ намуда, ҳаётамро сӯхт.

Хонаву дар, ҳавливу замин, пулу мол, хулоса ҳама чиз  дорам, аммо бе зан зиндагӣ дар назарам берангу бе маънӣ менамояд. Арӯсе меҷӯям, ки дар баданаш ягон хол надошта бошад, то ӯро ба занӣ гирифта, кошонаву маъвои диламро равшан созам. Худованд, агар ин орзуямро амалӣ созад, ҳамсарамро шаҳр ба шаҳру давлат ба давлат мегардонам, то арӯси бе холу бе ҷурмам дунёро тамошо кунаду ман аз тамошои ҷамолаш лаззат барам.

Аҳлиёр, хонандаи «Оила»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *