Аз зарари таҳсилоти кредитӣ то тарбияи математикҳои ҷаҳонӣ (видео)
Суҳбат бо доктори илмҳои риёзӣ, профессор, академик, дар гузашта муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, раиси Агентии омор ва ҳоло устоди ДМТ Мирганд Шаҳбозов дар манзили зисташ сурат гирифт. Ӯро миёни анбуҳи китобҳо дар ҳалқаи шогирдон масруф дарёфтем.
— Ба наздикӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-байналмилалӣ баргузор мегардад. Беш аз 300 нафар маърӯза пешниҳод кардаанд. Ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар. Дар миёни онҳо шогирдонам низ ҳастанд. Ҳоло маҷмӯаи мақолаҳои конфронсро таҳриру такмил ва барои чоп пешниҳод кардем,- риштаи суҳбатро боз намуд академик Мирганд Шаҳбозов ва даъвати рӯ ба рӯ нишастанро кард.
Аз мактаби илмии Мирзоҳилолов то Николский
— Мирганд Шаҳбозович, шумо чанд рӯз пас ба остонаи 70-солагӣ қадам мегузоред. Ин санаи фархундаро бароятон шодбош мегӯем. Имрӯз чӣ рӯзгор доред ва бардоштатон аз умри сипаришуда чист?
— Аввал, сипос ба шумо ва тими эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки ёди мо кардед. Албатта, дар ин синну сол ҳар кас роҳи тайкардаашро таҳлил мекунад, ки чӣ гуна паси сар шуд. Ман аз овони наврасӣ ба фанни математика завқ доштам. Ин меҳр маро ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) овард. Аз ибтидо то имрӯз фақат машғули омӯзиши илми риёзӣ ҳастам. Ҳоло 70 умри он қадар тӯлонӣ нест, зеро олимоне ҳастанд, ки ба синну сол аз ман хеле калон ҳастанд, вале чолоканду дар ковишҳову пажуҳиш.
Аслан, ман шогирди мактаби риёзии академик Сергей Михайлович Николский ҳастам. Сергей Николский дар замони шӯравӣ ва баъд аз он яке аз олимони бузургтарини назарияи наздиккунии функсияҳо буд. Ӯ 108 сол умр дид. Аз олимони рус касе ин қадар умр надидааст. Вақте дар аспирантура мехондам, устодам Корнейчук Николай Павлович, ки аз беҳтарин шогирдони Сергей Николский буданд, маро бо эшон шинос карданд. Бо Сергей Николский доир ба масъалаҳои илми риёзӣ ҳамсуҳбат шудаам. Ӯ пурсон шуд, ки “дар Тоҷикистон оё ҳамин равия инкишоф ёфтааст?”. Гуфтам, мехоҳам аввалин нафаре бошам, ки дар ин самт пажуҳиш гузаронам, оянда олимони зиёде пайдо мешаванд. Баъд, лабханд заду гуфт, ки “ин аз шумоён вобаста аст, то кадом андоза ба илм муваффақ мешавед ва то кадом андоза метавонед шогирдонро ба камол расонед”. Хушхбатам, ки ба гапи роҳбарам гӯш додам ва муаммоҳои мураккаби риёзиро ҳал кардам. Агар умр дубора ҳам бароям насиб мешуд, боз ба роҳи илм мерафтам ва ба риёзӣ машғул мешудам. Аз зиндагӣ ва корҳои илмиам розиам, зеро доимо дар ҷустуҷӯи методу усулҳои нав ва шогирдони болаёқат будам ва ҳастам. Фикр мекунам, ки умрам барабас нарафтааст.
— Аслан, омӯзиши фанни риёзӣ заҳмати зиёдро талаб мекунад. На ҳама қобилияти дарк ва муҳаббат ба ин фанро доранд. Чаро ин пешаро интихоб кардед?
— Якум, вақте дар мактаби миёна мехондам, устоди фанни риёзии мо Ғоибназар Мирзоҳилолов яке аз беҳтарин муаллимон дар вилояти Бадахшон буданд. Эшон меҳри ин фанро ба қалби мо ҷой карданд.
Дуюм, бародари калониам ҳам риёзидон буданд. Дар солҳои 60-ум аз водии мо аввалин номзади илм аз ҳамин фан шуданд. Ҳангоме ки тобистон ба хона меомаданд ва ҳамсуҳбат мешудем, мегуфтанд, ки “лаёқат дорӣ, аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои риёзӣ баромада истодаӣ, ҳаракат намо ва дар ҳамин ришта муваффақ шав”. Насиҳати бародарам низ роҳнамоям гардид.
Баъд аз ин ба хулоса омадам, ки олим ҳамеша, ҳатто вақти шаб ҳам бояд дар фикри пажуҳиш бошад. Математика соҳаи душвор аст. Агар 3 рӯз ё як ҳафта аз омӯзишу пажуҳиш дур шавед, он вақт байни шумо ва риёзӣ чоҳи калоне пайдо мешавад. Аз дохили ин чоҳ боз баромадан хеле мушкил аст. Аз ин лиҳоз, ба шогирдонам талқин мекунам, ки шабонарӯзӣ дар фикри илм бошанд, он гоҳ комёб шуда метавонанд.
Дар шоҳроҳи илм
— Баъди хатми донишгоҳ ба чӣ кор машғул шудед?
— Баъди хатми донишгоҳ ду сол ассисистенти кафедраи таҳлили математикии назарияи функсияҳои донишгоҳ будам. Сипас, ба аспирантура дохил шуда, ба назди роҳбарам Николай Павлович, ибтидо ба Маскав, сипас ба Киев рафтам. Давоми 3 сол дар Институти математикаи Академияи улуми Украина апирантураро хонда, баъд, соли 1980 ба Тоҷикистон баргаштам. То соли 1994 ба сифати дотсент дар Донишгоҳи миллӣ ба шогирдон дарс гуфтам. Боз 3 соли дигар ба докторантура ба Киев назди роҳбарам рафтам. Охири соли 1997 диссертатсияро ҳимоя карда, ба Ватан баргаштам. Ҳамин тавр, боз фаъолиятро дар донишгоҳ идома додам.
— Сабаби ба донишгоҳ баргаштанатон чӣ буд? Ҳол он ки, имкон доштед дар хориҷа монед…
— Аввал, донишгоҳ яке аз беҳтарин муассисаҳои олӣ дар замони шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Зимнан, хатмкардаи факултети математика будам ва фаъолиятро аз ҳамин ҷо оғоз намудаам, ба донишгоҳ ва факултет унс гирифта будам. Сеюм, ҳама мехостанд, ки ба Донишгоҳи миллӣ дохил шаванд. Хусусан, факултаҳои физика, математика, химия, биология ва дигар бахшҳо бисёр номдор буданд. Масалан, дар факултети математика устодони донишманд, ба мисли Абдуҳамид Ҷӯраев, Магалим Субҳонқулов, Владислав Яковлелевич, Эргаш Муҳаммадиев ва дигарон қувваи бузурге буданд, ки насли ҷавони тоҷикро тарбият мекарданд, ба шогирдӣ қабул мекарданд. Рости гап, он замон мо ҷавон будем, ҳам ба факултет ва ҳам ба донишгоҳ меҳр бастем. Баъд аз ин, ҳар куҷо кор кардам, ҳамеша иртиботам бо донишгоҳ буд. Ҳатто, пас аз нафақа баромадан, боз ба факултет барои кор баргаштам. Донишгоҳи миллӣ мисли ҳамон солҳо ҳоло ҳам авангарди мактабҳои олии Тоҷикистон мебошад. Феълан ба тарбияи шогирдон машғулам.
— То имрӯз чанд шогирд омода кардед?
— Ростӣ, шогирдони зиёд дорам. Беш аз 40 номзади илм ва 4 доктори илм ба воя расонидаам. Ҳанӯз ҳам аспирант, доктор PhD дорам, ки дар арафаи анҷом додани корҳои илмиашон ҳастанд.
Се математики ҷаҳоншумули тоҷик
— Мирганд Шаҳбозович, чун сухан аз эътирофи ҷаҳонӣ рафт, метавонед се математики ҷаҳоншумули тоҷикро номбар кунед?
— Якум, Абдуҳамид Ҷӯраев — аввалин олими тоҷик ва доктори илмҳои физика ва математика мебошад, ки соли 1967 рисолаи илмӣ ҳимоя кардааст. Дар синни 70 — солагӣ аз олам даргузашт. Дуюм, Камолиддин Бойматов. Ҳиссае, ки номбурда дар роҳи илми математика гузошт, на ҳама олимони кишварҳои собиқ шӯравӣ ба ҳамин дараҷа расидаанд. Ҳар як кори илмии Бойматов як китоб аст. Мутаассифона, ӯ дар синни 50-солагӣ ин дунёро падруд гуфт. Сеюм, олиме, ки номаш вирди забонҳост, Темур Собиров мебошад. Ӯ бародари шоири шинохта Бозор Собир аст. Ягона олиме, ки дар синни 32-солагӣ дар шаҳри Киев диссертатисияи докторӣ ҳимоя кард, Баъдан, мудири кафедраи яке аз мактабҳои олии Воронеж буд. Яке аз бузургтарин олимони тоҷик аст. Ӯ ҳам ҷавон оламро тарк гуфт. Ҳар се ҳам шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Инҳо авалинҳое аз Тоҷикистон буданд, ки ба масъалаҳои мушкили соҳаи риёзӣ дахл кардаанд.
Як ҳодисаи аҷибро бароятон нақл мекунам. Соли 2001-ум буд. Дар Конгресси байналмилалии риёзидонони Аврупо дар шаҳри Барселона аз Тоҷикистон се нафар иштирок доштем. Конгресс як ҳафта давом кард. Яке аз ҷавонони фаъол, тақрибан 25-сола як масъалаи муҳими риёзиро ҳал кард. Вақте дар ҷамъбасти конгресс ба ӯ медали тилло ва мукофотпулӣ тақдим мекарданд, пурсиданд: “Дар ин синну сол чӣ гуна тавонистед, ки ҳамин масъаларо ҳал кунед?”. Дар посух гуфт, ки “як риёзидони шарқ қариб буд ин масъаларо ҳал кунад, аммо умр имконаш надод. Ман фақат ҳамон корро давом додам. Ин олим Камолиддин Бойматов аст, ки корҳои ӯро идома додам”. Тасаввур кунед, дар толор қариб 3500 нафар буданд. Мо аз шунидани номи олими тоҷик аз хурсандӣ дар курта намеғунҷидем. Бубинед, ки як амрикоӣ ба корҳои илмии Бойматов пайравӣ кардааст. Умуман, ҳар се олиме, ки ном бурдам, яке аз дигаре беҳтар буданд.
— Имрӯз дар чунин сатҳ олимон дорем?
— Албатта, дорем. Олимони мо имрӯз ҳам дастовардҳои намоёни илмӣ доранд. Дар ҷаҳон эътироф гардидаанд. Се олими номбурда аввалинҳое буданд, ки кашфиёти ҷаҳонӣ доранд…
Низом бояд тағйир ёбад
— Метавонед чанд омилеро ном баред, ки ба пешрафти илмҳои дақиқ дар кишвар, яъне физика ва математика мусоидат намоянд?
— Якум, таълими математика дар мактаби миёна бояд ба дараҷаи баланд бошад. Дуюм, таълими математика дар факултаҳои равияи риёзӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Интихоби аспирантон, докторантон ва мавзуҳои онҳо набояд рӯякӣ бошад. Онҳое бояд қабул карда шаванд, ки дониши кофӣ доранд ва дар ҳамин соҳа мутахассис шудан мехоҳанд. Инҳо метавонанд дар давлати худ баъд дигаронро тарбият намоянд, фанни худро ба дигарон омӯзонанд, он вақт мутахассис ба камол мерасад.
— Барои ин замина мавҷуд аст?
— Қариб 15 соли охир низоми таълимии кредитӣ ҷорӣ шудааст. Русия, Белорус, Қазоқистон аз ин низом рӯ гардонданд. Ҳозир ба муаллимони мо ҳам иҷозат дода шуд, ки ба тариқи пештара, яъне анъанавӣ аз донишҷӯён имтиҳон қабул карда шавад. Умуман, аз ин система бояд даст кашид. Фоида надорад. Маҳз ҳамин низом боиси ақибмондагии мо хоҳад шуд. Бояд ба низомӣ қаблӣ баргардем. Ман ҳама вақт ҷонибдори низоми таълими анъанавӣ, яъне классикӣ ҳастам. Зимнан, ҷонибидори рушди технология ҳастам. Вақте ки шумо бо донишҷӯ рӯ ба рӯ гап мезанед, дарк мекунед, ки ӯ дар ботинаш чӣ дорад. Мисол медиҳед ва мебинед, ки чӣ тавр кор карда метавонад. Бовар ҳосил мекунед, ки дониш дорад ё не. Баъд, касе аз шумо намеранҷад. Принсипи адолат риоя мешавад.
— Аз нигоҳи шумо, кӣ математики ҳақиқӣ шуда метавонад?
— Нафаре, ки табиатан ба ин фан меҳр ва завқ дорад. Дониши математикаро пайваста сайқал диҳад. Он вақт ба як дараҷаи муайян расида метавонад. Шахсе, ки лаёқат надорад, салиқа надорад, дар факултет мехонад, аммо тамом мекунад, чӣ гуна ӯ мутахассис буда метавонад ё ба насли наврас дониш медиҳад?
Мо оҳиста-оҳиста ба стандартҳои пешатара бармегардем. Бинобар ин, шумораи соатҳои фанни ихтисос, яъне табиӣ-техникӣ дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ” бояд ақаллан 50-75 фоизро ташкил диҳад. Агар чунин нест, оянда мутахассис тайёр карда наметавонем.
Аз ректорӣ то парлумон
— Шумо замоне ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ низ будед. Фаъолият дар ин донишгоҳ чӣ гуна буд?
— Давоми 7 сол ректори донишгоҳ будам. Соли 1998 вақте ки Сарвари давлат маро ба ин донишгоҳ ректор таъин намуданд, ҳамагӣ 1500 донишҷӯ дошт. Дар давоми 7 сол тавонистем теъдоди донишҷӯёнро ба 3500 нафар расонем. Факултаву ихтисосҳои нав боз кардем. Рости гап, дар ибтидои фаъолиятам мушкилот зиёд буд. Маоши муаллимон ниҳоят кам, баробар ба як халта орд буд. Муаллимон ҳамагӣ 15-17 сомонӣ ва ректор 22 сомонӣ маош мегирифт. Як халта орд ҳам 16 то 20 сомонӣ буд. Ин масъаларо дар коллегияи Вазорати маориф бардоштам ва он зуд ҳалли худро пайдо кард. Ҷаноби Олӣ хеле хуб дастгирӣ карданд. Ин масъаларо аз ҳисоби маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯён ҳал кардем. Яъне, иҷозат доданд, ки маблағи шартномаи таҳсил ҳамчун маоши омӯзгорон истифода карда шавад. Дар натиҷа маоши омӯзгорони донишгоҳ якбора баланд шуд. Масъулият ва сифати таълим ҳам бештар гардид. Агар ин дастгириҳо аз марказ намешуданд, хавфи аз байн рафтани донишгоҳ ба миён меомад.
— Замони фаъолият, махсусан дар парлумон бо бисёриҳо ҳамнишин, ҳамкор будед. Ба хориҷ ҳам сафарҳои зиёд доштед. Аз он замон чӣ хотирот доред?
— Дар парлумон, агар эҷодкор набошед, кор дуруст пеш намеравад. Худро хушбахт эҳсос менамоям, ки бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Амиршо Миралиев, Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборӣ барин инсонҳо кор кардам. Куратори маориф ва масъалаҳои ҷамъиятӣ будам. Бештар бо олимон кор мекардам. Бароям бо онҳо кор кардан ҳам осон ва ҳам ифтихор буд. Бисёр масъалаҳоро якҷо дида мебаромадем. Сафарҳои зиёде доштем, қонунҳои дигар кишварҳоро омӯхта, барои такмили қонунгузории худамон истифода кардем. Ин ҳам монанд ба кори илмӣ аст. Зеро пайваста талошу такопӯ мехоҳад. Қариб 18 қонунро дар давраи фаъолият якҷо бо кумитаҳои сарпараст таҳия кардем.
— Солҳо дар мартабаҳои гуногун фаъолият кардед. Хешро дар куҷо дарёфтед?
— Албатта, дар таълиму тадрис ва фаъолият дар муассисаҳои олӣ.
Ситораи Иттиҳод
— Ба наздикӣ барандаи ҷоизаи «Ситораҳои иттиҳод»-и ИДМ шудед. Аслан, ҷоизаи мазкур ҳамасола ба намояндагони давлатҳои Иттиҳод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ ва дар маҷмуъ дар Иттиҳод саҳм гузоштаанд, дода мешавад. Итминон доштед, ки ба ин ҷоизаи байналмилалӣ сазовор мегардед? Умуман, кадом дастоварди шумо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт?
— Рости гап, бештари корҳоям дар маҷаллаҳои хориҷӣ ба чоп расидаанд. Дастоварди асосии ман, ки барои гирифтани ҷоиза сабаб шуд, таҳқиқоти ахирам аст. Дар назарияи функсияҳои комплексӣ ҳангоми наздиккунии функсияҳои комплексӣ ба воситаи полином беҳтарин натиҷаҳоеро гирифтам, ки ин натиҷаҳо давоми корҳои Сергей Николский ва Андрей Колмогоров мебошанд. Масалан, барои мо маълум аст, ки дар солҳои 60-ум Владимир Тихомиров, Сергей Стечкин, Сергей Никовский масъалаҳои муҳимтарини наздиккунии функсияҳои давриро муайян карданд. Барои функсиҳои комплексие, ки соҳа ниҳоят мушкил аст ва худи структураи функсия мушкил аст, наздиккунии он ба воистаи функсияҳои касрӣ ё ин ки ба воситаи функсияҳои бефосила ниҳоят мушкил аст. Ман муайян карда тавонистам, ки як намуди функсия — аналитикӣ дар давраи воҳидӣ ҳастанд, ба воситаи палмалонҳо наздикшавии беҳтаринро пайдо кардан имкон дорад.
Муваффақияти асосӣ дар он аст, ки натиҷаҳоро ба ҳамвории комплексӣ гузаронидам. Ин натиҷа дар ду шумораи маҷаллаи Академияи илмҳои Русия бидуни навбат ба чоп расид. Ҳамаи инро исбот кардам. Чандин мактуб ҳам гирифтам, ки олимони ҷаҳон таклифи баромад кардан дар ҳамоишҳои байналмилалӣ доранд. Мехоҳанд, ки роҳи ҳалро нишон диҳам.
— Таҷрибаи аввал аст, ки шумо дар ин самт кор кардаед?
— Бале, дар Тоҷикистон бори аввал аст. Ин мактаби илмии Андрей Колмогоров мебошад. Онҳое кор карда метавонанд, ки дар ҳамин мактаби илмӣ тарбия ёфтаанд. Ман давомдиҳанди ҳамин мактаб ҳастаму пажуҳиш гузаронидам.
Аз чизе афсӯс намехӯрам
— Ҳаёт ва муваффақияти кадом олими математика бароятон омӯзанда ва намунаи пайравӣ буд?
— Исаак Шёнберг — асосгузори назарияи математика. Ӯ аз амрикост. Инженер — риёзидон буд. Майдонро васеъ монд, то тамоми риёзидонҳо ворид шаванд. Математика — ин таърих ё филологияи як миллат нест. Математика илмест, ки фарқ надорад аз кадом миллат ҳастӣ, муҳим, дастовард дошта бошӣ, масъалаҳои мураккаби риёзиро ҳал кунӣ ва эътироф шавӣ. Забони математика дар тамоми олам якест.
— Аслан, муваффақияти шумо дар чист, то ба дигарон намунаи омӯзишу пайравӣ бошад?
— Пайваста ва шабонарӯзӣ кор кардан аст. Чун муаллим ҳастам, бояд шогирд тарбия кунам. Ин заҳмати шабонарӯзӣ аст.
— Дар зиндагӣ шиор доред?
— Бале, ростқавлу ростгӯ будан.
— Дӯсте, ки дар ғаму шодӣ паҳлуятон буд…
— Ҳамсарам.
— Дар бораи оилаатон чанд сухан мегуфтед. Фарзандон чӣ шуғл доранд?
— Ду писару ду духтар дорам. Ду фарзанди калонам, ки аз ҳамсари марҳумам ҳастанд, иқтисодчӣ мебошанд. Дуи дигар, ки аз ҳамсари феълиам ҳастанд, мактабхон: яке дар синфи 9 ва дигаре дар синфи 5 мехонанд.
— Бархе вақти холиро ба тамошои телевизион, хондани китоб, сайругашт ва ғайра сарф мекунанд. Шуғли дӯстдоштаатон?
— Сайругашт дар гулбоғҳои Душанбе. Аз ин ҳаловат мебарам.
— Вақтро чӣ гуна истифода мебаред?
— Бо мутолиаи пайваста. Аммо як режими муқаррарӣ дорам. Соати 10-и шаб хоб меравам ва соати 4-и субҳ бедор мешавам. Як соат сайругашт карда, баъд ноништа мекунам. Агар дарс надошта бошам ё маҷлис набошад, то соати 12 кор мекунам. Фарзандҳо дар мактаби миёна мехонанд, зиёдтар ба онҳо диққат медиҳам. Дар тадрисашон саҳм мегирам…
— Насиҳате, ки аз падару модар шунидед.
— Назари неку дасти хайр бояд дошт.
— Насиҳате, ки ба фарзандон доред.
— Ростқавл бошанд ва дониш омӯзанд.
— Кӣ сазовори некист?
— Оне, ки худ расми некӣ кардан медонад.
— Аз чӣ парҳез бояд кард?
— Дурӯғгӯӣ.
— Аз чӣ афсӯс мехӯред?
— Рости гап, аз ҳеҷ чиз…
Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ