Ғазале аз Масъуди Сипанд

Бо ишқ

Одамӣ шод мешавад, бо ишқ,

Аз ғам озод мешавад, бо ишқ.

Кандани кўҳ мешавад Ширин,

Теша Фарҳод мешавад, бо ишқ.

Ҷон ба Аржанг медиҳад Монӣ,

Хома Беҳзод мешавад, бо ишқ.

Аз раги ток то дили афлок,

Бода бунёд мешавад, бо ишқ.

Эй басо дар шикоргоҳи нигоҳ,

Сайд сайёд мешавад, бо ишқ.

Оташи интиқом мехуспад,

Кина барбод мешавад, бо ишқ.

Даст дар дасту пой дар майдон,

Меҳан обод мешавад, бо ишқ.

Дев ҳам бо Сипанди пири муғон,

Одамизод мешавад, бо ишқ.

غزلی از مسعود سپند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *