Аъзамҷон Азимов

Аъзамҷон Азимов: Мушкил дар донишгоҳ не, дар мактаби миёна аст

Солҳои охир соҳибрасонаҳои тоҷик аз норасоии кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯйи журналистӣ шикоят мекунанд. Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо устоди собиқадори факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Аъзамҷон Азимов доир ба тарбияи кадрҳои журналистӣ ҳамсуҳбат шудем.

Ҷасорати ректор

— Шумо қариб 40 сол аст, ки ба таълиму тарбияи журналистон машғулед. Аз таъсиси факултети журналистика 30 сол сипарӣ мегардад. Дар бораи рӯзҳои аввали таъсисёбии факултет чӣ хотирот доред?

— Хотираҳои банда хеле рангину гуворост, зеро аз оғоз бо ин факултет будаму ҳастам. Солҳои 60-ум дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ шуъба ё факултети журналистика арзи вуҷуд мекард, ба истиснои Тоҷикистон. Кадрҳои журналистии мо асосан дар факултетҳои филологияи тоҷики донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ омода мешуданд. Ҳамчунин, соле 3-4 нафар ба факултети журналистикаи донишгоҳҳои Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) ва Москва фиристода мешуданд. Чун эҳтиёҷ ба кадрҳои журналистӣ дар кишвар эҳсос мешуд, ректори ҳамонвақтаи университет академик Солеҳ Раҷабов ва декани факултети филологияи тоҷик профессор Мукаррама Қосимова бо маслиҳат таҳкурсии шуъбаи журналистикаро гузоштанд. Ин кор дар он замон “ҷиноят” буд ва ҷасорати хосаро талаб мекард,  зеро шуъба бе иҷозати марказ таъсис ёфта буд. С. Раҷабов, ки ҳувияти баланди миллӣ дошт, онро беиҷозат амалӣ кард. Соли 1966 то соли 1971 довталабон ба ин шуъба дохил шудаву онро бо ихтисоси журналист хатм карданд. Соли 1971 барои мутобиқат накардан ба рӯйхати иҷозатдодаи Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР шуъба баста шуд…  

Талоши шуъбасозӣ ё таъсиси факултети журналистика то давраи бозсозии горбачёвӣ расид. Албатта, пеш аз ҳама, профессор Воҳид Асрорӣ ва Иброҳим Усмонов барои аз нав ташкил кардани шуъбаи журналистика талош меварзиданд. Давутоз ва талоши онҳо буд, ки соли 1987 шуъбаи журналистика аз нав таъсис дода шуд. 

Вале факултаи журналистика самараи Истиқлоли давлатӣ аст. Бо ташаббуси профессорон Воҳид Асрорӣ ва Иброҳим Усмонов соли 1992 дар заминаи шуъбаҳои журналистика ва тарҷумонии факултети филологияи тоҷик факултети деринтизори журналистика таъсис ёфт. Ва имрӯз факултет 30-сола шуд ва яке аз базаҳои асосии тарбияи кадрҳои журналистӣ аст.

— Нахустин муаллимони шуъба ва факултети журналистикаи донишгоҳ киҳо буданд?

— Аввалин устодон дар шуъбаи журналистика Хоҷабек Зулфиқоров (хатмкардаи факултети журналистикаи УДМ ба номи М. Ломоносов), Абдусаттор Нуралиев (хатмкардаи факултети журналистикаи ДДҚ), И. Отахонов, М. Гавриелов, Ф. Абдураҳимов буданд… Баъдан, А. Саъдуллоев, А. Мавлонов, И. К. Усмонов, У. Гулмуродов, А. Х. Азимов ҷалб шуданд… Баъдан, Д. Давронов, С. Гулов, М. Юсуфов, Х. Қодирова, Т. Аминҷонов, А. Саидов, М. Муродӣ, С. Ҳайдаров, М. Шоев, Ҷ. Муқим, Қ. Шарифзода ва дигарон ба сафи устодон пайвастанд. Ҳоло дар факултаи журналистика устодони соҳибтахассус ва дорои дараҷаҳои илмӣ фаъолият доранд.

Аз ташаббуси Усмонов то кумаки Нуриддин Саид

— Факултети журналистика соҳиби студияи таълимии радиову телевизион аст. Оё донишҷӯён аз он самаранок истифода мебаранд?

— Таърихи ташкили студияи телевизион ҳам аҷиб аст. Шуъбаи журналистика соли 1987 ташкил шуду баъди чанде бо ташаббуси Иброҳим Усмонов аз Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Тоҷикистон дастгоҳҳои куҳнаи телевизион оварда шуд. Ҳамон вақт Кумита дастгоҳҳои нав ворид карда буд. Масъули студияи телевизиони таълимӣ устодон М. Шоев ва С. Ҳайдаров таъин шуданд. Гоҳ-гоҳ ахбор пахш мешуд. Донишҷӯён дарсҳои амалии худро он ҷо мегузарониданд. Ҳамин тавр мо соҳиби телевизиони таълимӣ шудем… Факултет баркамол мешуду ихтисосҳои гуногуни журналистика таъсис меёфтанд. Талабот ба техникаву технологияи замонавии телевизиониву радио вобаста ба талаботи замон меафзуд. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, студия бунёд шуд. Собиқ ректори донишгоҳ Нуриддин Саид таҷхизоти истеҳсоли ҷопониро барои студияи таълимӣ харидорӣ ва онро мутахассисон насб карданд. Баъди чанд муддат студияи радио низ ба фаъолият оғоз кард. Албатта, донишҷӯёне, ки шавқу завқи амалӣ намудани донишҳои назариявии худро доранд, бештару хубтар студияи таълимиро самаранок истифода мекунанд. Сенария менависанд, барнома таҳия мекунанд, ҳатто барномаҳои беҳтарини онҳо, ки бо роҳбарии устодони ботарҷиба таҳия мегардад, мувофиқи шартномаи тарафайн дар телевизиони «Ҷаҳоннамо» пахш мешавад…

Айб дар ош аст ё дар мош?

— Бисёр вақт шикоят мекунанд, ки хатмкунандагони факултети журналистика ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нестанд. Дар ин хусус чӣ андеша доред?

— Аслан, ба ин андеша пурра розӣ шуда наметавонам, аммо сабабҳои субективӣ ва объективии чунин шикоятҳоро кушода гуфта метавонам. Дар замони Шӯравӣ хатмкунандагони мактабҳои миёнаро, ки ба шуъба ё факултети журналистика ҳуҷҷат месупориданд, аз конкурс мегузарониданд. Аксар довталабон бо бастаи маводҳои чошудаи худ дар рӯзномаву маҷаллаҳо меомаданд. Сониян, дар атрофи ВАО, ҷаҳонбинӣ, маҳорат, сиёсатдонӣ суҳбат гузаронида мешуд. Баъди ризогии аъзои комиссияи факултетӣ ҳуҷҷатҳои довталабро барои супоридани имтиҳонҳо қабул мекарданд. Нахуст имтиҳоне, ки месупурд, ин иншои озод буд. Ҳамин ва дигар талаботҳоро довталабон иҷро мекарданд. Тавре медонед, имрӯз тарзу тариқи қабул тамоман дигар аст… Аз тарафи дигар, дар даврони Шӯравӣ вақте мутахассиси ҷавон ба ҷойи кор мерафт, аз имтиёзҳо бархӯрдор буд. Масалан, дар редаксияҳо ё студияҳо ҷавононро ба мутахассисони варзида барои тарбияи эҷодию маънавӣ вобаста мекарданд ва ин натиҷаи хуб медод. Имрӯз чӣ? Ин гуна анъана аз байн рафта, ВАО, чӣ расмӣ ва чӣ хусусӣ журналисти «тайёр» мехоҳанд. Мо, устодон зимни таҳсилу таълим кӯшиш мекунем, ки донишҷӯёни мо маҳорату малакаи худро дар студияи таълимӣ сайқал диҳанд ва дар бозори меҳнат харидор дошта бошанд.  

— Донишҷӯёни имрӯз аз донишҷӯёни 20-30 сол қабл чӣ фарқ доранд?

— Зикр бояд кард, ки донишҷӯ он рӯз ҳам донишҷӯ буд, имрӯз ҳам донишҷӯ боқӣ мондааст. Вале, донишҷӯи имрӯза аз донишҷӯёни солҳои пешин, яъне даврони Шӯравӣ аз замин то осмон фарқ дорад. Қаблан муносибати ҷавонон аз нигоҳи ахлоқу одоб, хондану навиштан, муносибат бо устод, ба касби интихобкарда, ба корҳои ҷамъиятӣ, ба миллат, ба давлат, ба падару модар, ба ҳамдигар хеле самимӣ ва аз таҳти дил буд. Онҳо бештар китоб мехонданд, фаъолона, бо дили гарм дар дарсҳо иштирок мекарданд, ба машғулиятҳои амалӣ ҷиддӣ тайёрӣ медиданд, яъне, хеле бомасъулият буданд. Аксар ҷавонони имрӯза бошанд, қариб китоб намехонанд, масъулиятро дар назди миллат, давлат, ҳатто падару модар ҳис намекунанд. Ба касби интихобкардаашон низ дилгармӣ надоранд. Ҷаҳонбинии сиёсиашон хеле маҳдуд аст. Ҳол он ки, ҷавонони асри бисту якро ҷаҳонбинӣ ва маҳорати сиёсӣ мебояд, чунки онҳо ояндсози миллати моянд.

Факултети журналистика базаи илмӣ ҳам ҳаст. Солҳои охир теъдоди нафароне, ки дар ин соҳа рисолаҳои илмӣ дифоъ мекунанд, зиёд шудааст. Сатҳу сифати корҳои илмиро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

— Аслан гирем, бад нест, вале камбудиҳо ҷой доранд. Аксари муҳаққиқони ҷавон кам мутолиа мекунанд, аз сарчашмаҳо кам бохабаранд, ба таҳқиқи ҷиддӣ кам машғул мешаванд. Имрӯз тамоми соҳаҳои журналистика вобаста ба самтҳои илмии кафедраҳо таҳқиқ мешаванд ва дар асоси ҳамин мавзуҳои таҳқиқшаванда ба ҷавонон пешниҳод мегарданд.

Чӣ монеаҳо барои омода кардани кадрҳои журналистӣ мавҷуданд?

— Аслан гирем, дар факултети журналистикаи ДМТ барои омода кардани кадрҳои журналистӣ ягон монеа нест. Тамоми шароитҳо барои таълим ва эҷод муҳайё аст. Нигоҳ кунед, барои тахассуси матбуот дар назди рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» замимаи он «Пайки қалам» барои донишҷӯёни факултет фаъолият мекунад. Феълан, бо ташаббуси ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода тасмим гирифта шуд, ки нашрияи “Қалам” барои донишҷӯёни факултаи журналистика эҳё шавад. Барои тахассуси кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ студияи таълимии телевизион ва радио фаъолият дорад. Ҳамчунин, радиои “Садои Донишгоҳи миллӣ” дар мавҷи 90.5 FM соҳиби эфир аст, ки он 3 ҳазор метри мураббаъро фаро мегирад. Дар факултет ихтисоси ВЕБ-журналистика фаъолият мекунад. Барои ин ихтисос дар интернет сомонаи махсус барои донишҷуён дар саҳифаи фейсбук бо номи «Пайки остон» ташкил шудааст, донишҷӯён эҷоди худро ба табъ мерасонанд…

Яъне ҳама шароитҳо муҳайё аст. Мушкили асосӣ дар он аст, ки таҳкурсии ҷавонони дохилшаванда ба мактабҳои олӣ суст аст. Базаи таълимии онҳо хеле нигаронкунанда аст. Дониши асосӣ дар мактаб бояд ташаккул ёбаду дар донишкадаву донишгоҳҳо тавқият дода шавад. Ба фикрам, он гоҳ мутахассиси варзида ба камол мерасад…

Мусоҳиб: Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *