Аъзам Аҳруллоев: Аз оғози тиҷорат набояд тарсид (видео)
Аъзам Аҳруллоев яке аз ҷавонони муввафақи Тоҷикистон аст, ки ҳамагӣ дар синни 25-солагӣ соҳиби коргоҳи пойафзолбарорӣ гардид. Ӯ муассиси нахустин бренди пойафзол ва маҳсулоти чармӣ дар Тоҷикистон бо номи “AZAM” аст. Бо Азам Аҳруллоев оид ба оғози фаъолияту муваффақияташ ва ҳамчунин мушкилоти соҳаи пойафзолбарорӣ суҳбат намудем.
— Аъзам, тавре огоҳ ҳастем, дар ибтидо фаъолияти журналистӣ доштед. Тарки якбораи ин соҳа ва рӯ ба тиҷорат овардани шумо аз куҷо пайдо шуд?
— Пеш аз оғози фаъолияти соҳибкорӣ, аввал як видео-роликеро дидам. Дар он чӣ гуна дӯхтани пойафзол нишон дода шуда буд. Баробари ин, медонистам, ки дар вилояти Суғд коргоҳҳои хурде мавҷуданд, ки ҳар гуна пойафзол истеҳсол мекунанд. Сифати хуб ҳам доранд. Баъд аз тамошои ролик аз мутахассисони коргоҳҳои Суғд маслиҳат мепурсидам. Ҳамон модели пойафзолҳое, ки бароям зарур буданд, дар коргоҳҳои Суғд фармоиш медодаму дар шаҳри Душанбе мефурӯхтам. Ин намуди фаъолият наздики як сол давом кард. Баъдан, дарк намудам, ки бояд коргоҳи худро кушоям.
— Оғози ҳар коре бе душворӣ намешавад. Мушкили шумо чӣ буд ва чӣ гуна ҳал кардед?
— Аслан, фаъолияти соҳибкорӣ ҳалли ягон мушкил аст ва аз маҳсули кор фоида ба даст меоред.
Якум, дар аввали фаъолият мушкили асосии мо набудани мутахассисон буд.
Дуюм, набудани маҳсулоти зарурӣ барои истифодаву дӯхтани пойафзол дар дохили кишвар.
Қариб 2 сол барои ҳалли ин масъалаҳо кор кардем. Шахсонеро пайдо намудем, ки замони шӯравӣ дар соҳаи истеҳсоли пайафзол фаъолият мекарданд ва онҳоро ба коргоҳи худ ҷалб намудем. Зимнан, дар назди онҳо шогирд гузоштем, то коргоҳи худро бо мутахассисон таъмин намоем.
— Аз нигоҳи шумо, барои оғози тиҷорат чӣ муҳимтар аст?
— Пеш аз ҳама, завқу хоҳиш. Бояд хоҳиши сахт дошта бошед, ки мақсадҳои гузоштаро амалӣ созед. Дар баробари ин, аз рӯйи таҷриба фаҳмидам, ки кадом соҳае, ки барои худ интихоб мекунед, бояд қоидаву қонунҳои марбут ба фаъолияти худро омӯзед. Яъне, дар соҳае, ки фаъолият мекунед, бояд нағз огоҳ бошед. Аз ҷумла, соҳибкорӣ, ки ҳамеша ба омӯзиш ниёз дорад. Ҳамчунин, ҳангоми ба соҳибкорӣ оғоз бахшидан, одам бояд донад, ки вай дар кадом зина қарор дорад. Ҳаст зинае, ки фақат идея дорад, тамом. На маҳсулот дорад, на таҷриба ва на қонунгузориро медонад. Аввал бояд инҳоро омӯзад.
Баъдан, ҳозир дар Тоҷикистон чандин бонкҳову ташкилотҳои байналмилалӣ, фонду барномаҳои давлатӣ ҳастанд, ки соҳибкоронро дастгирӣ мекунанд. Соҳибкороне ҳастанд, ки аз ин имкониятҳо фаровон истифода менамоянд. Аммо гап сари дар кадом зина қарор доштани нафаре меравад, ки қадамро ба зинаи соҳибкорӣ гузошта истодааст. Сохтани бизнес-план ва ё нақша низ муҳим аст, ки дар ҳар ширкат он индувидуалӣ мебошад. Агар бизнес-план низ хуб бошад, соҳибкор муваффақ мешавад.
— Аз таҷрибаи худ бигӯед, ки ҳамин шеваи корро чӣ гуна ба роҳ мондед?
— Дар зинаи аввал фурӯхтани маҳсулотро омӯхтем. Баъдан, истеҳсоли маҳсулотро сар кардем. Ин ду самтро баробар омӯхтаву амалӣ намудем. Бисёриҳо аввал истеҳсолро сар мекунанд, ба фурӯш нағз аҳамият намедиҳанд ва коргоҳашон муваффақ намешавад. Дар тиҷорат чунин аст, ки чанд рӯз бефурӯш монед, нишонаи оғози муфлисашавӣ аст.
— Барои шинохти як бренд чӣ муҳим аст?
— Якум, сифати маҳсулот ба тарғибе, ки мекунед, ҷавобгӯ бошад. Алакай маҳсулот худ дар бозор ҷой меёбад.
Дуюм, сифати маҳсулот ва талаботи аҳолӣ аст.
Мо қариб 1 соли фаъолият тамоман тарғиб надоштем. Барои тарғиб махсус пул ҷудо ҳам намекардем. Фақат дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан ройгон интишор мекардем. Айни замон ба таври касбӣ маҳсулоти худро тарғиб мекунем.
— Баъзеҳо аз таъсиси корхона ва ё оғози тиҷорат меҳаросанд. Чӣ шуморо дилгарм кардааст, ки ба ин соҳа рӯ оред?
— Ҳеҷ гоҳ набояд тарсед. Ҳар як идея аз се марҳила мегузарад. Марҳилаи аввал ин аст, ки онҳо ба ҳоли шумо механданд, масхара мекунанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ кор намешавад. Марҳилаи дуюм ин аст, ки вақте шуморо танқид мекунанд. Агар танқид кунанд, ин маънои онро дорад, ки алакай рӯй додааст. Марҳилаи сеюм, одамон шуморо эҳтиром мекунанд. Барои марҳилаи сеюм бояд ҳамеша кор кунед, мубориза баред ва ба худ бовар дошта бошед.
— Талабот ба пойафзолҳои истеҳсолнамудаи шумо чӣ гуна аст? Содирот ҳам мекунед?
— Содирот дорем, аммо кам аст. Якчанд шариконе пайдо намудем, ки фурӯши маҳсулоти моро дар шаҳрҳои Русия ва дар онлайн-сомонаҳо ба роҳ монда истодаанд. Вале, бештар харидорони мо дар шаҳри Душанбе мебошанд ва мутобиқ ба завқу хоҳиши онҳо пойафзол мебарорем.
— Аммо мушоҳида мекунем, ки асосан пойафзол ба Тоҷикистон воридотӣ аст. Миллионҳои мо ба хориҷа меравад. То куҷо пойафзоле, ки истеҳсол мекунед, талаботи бозори моро қонеъ мекунад?
— Қариб 60-80 фоизи харидорони мо муштариёни доимӣ ҳастанд. Бо мо ҳамеша дар иртиботанд, фармоиш медиҳанд. Пойафзолро барои худ, падар ё ягон пайвандон гирифтаанд. Ҳатто, бо рафиқонашон барои хариду фармоиши пойафзол меоянд. Ин бозгӯи он аст, ки маҳсулоти мо дар бозор мавқеъ пайдо кардааст. Сифаташ ҳам ба талабот ҷавобгӯ аст.
— Чанд намуди пойафзол истеҳсол мекунед?
— Айни замон мо 100 намуди пойафзолро истеҳсол мекунем. Ҳамчунин, зиёда аз сад намуди ҳамёну даҳҳо хел ҷузвдону миёнбанд мебарорем.
— Соли гузашта дар шаҳри Хоруғ низ коргоҳ боз намудед. Чӣ зарурат пеш омад, ки ин тиҷоратро ба Бадахшон баред?
— Мо коргоҳро бо мақсади бо Чин наздик будан ба роҳ мондем. Дар оянда метавонем, ки қисмҳои пойафзол, аз ҷумла ширеш, тагрезини пойафзолро аз ин кишвар дастрас намоем. Мутахассисонро омӯзондем ва ҳоло коргоҳ дар зинаи ривоҷ аст. Аммо мушкили асосӣ дар фурӯш аст, ки барои ин ҳам кор карда истодаем.
— Маҳсулоти асосиро барои дӯхти пойафзол аз Тоҷикистон дастрас мекунед ё он ҳам воридист?
— Мутаассифона, ворид мешавад.
— Дар Тоҷикистон коргоҳи коркарди пӯст нест?
— Агар чунин мебуд, кори мо 30 дарсад осон мешуд. Зеро вақти зиёдро транспортировка мегирад.
— Туркияву Чин маҳсулоти хомро бештар аз Осиёи Марказӣ харидорӣ карда, пойафзол медӯзанд. Чунки, мегӯянд чарм аз пӯсти чорвои ин минтақа офтобхӯрдаву сахт аст. Дар асл, мо хуштолеътар аз ин кишварҳои тиҷоратӣ ҳастем, аммо аз бойигарии худ то ҳол истифода накардаем. Чаро?
— Асоси фаъолияти корхонаҳои пойафзолбарорӣ — ин чарм аст. Ҳоло дар Тоҷикистон чанд корхонае мавҷуд аст, ки чармро нимкоркард карда, ба Чину Туркия мефиристанд. Дар ин кишварҳо чарми пурра мешаваду боз дубора ба Тоҷикистон меояд.
Як мисол меорам. Соли гузашта бо роҳбари як ширкате вохӯрдам. Коргоҳаш аз калонтарин коргоҳҳои Туркия аст. Ӯ изҳор дошта буд, ки 33-35 фоизи маҳсулоти хомро аз Тоҷикистон мегирад.
Ба Тоҷикистон ҳамасола чандин миллион ҷуфт пойафзол ворид карда мешавад. Ҳоло мақсади асосии мо содирот нест, балки таъмини аҳолии худамон аст. Дар оянда нақша дорем, ки коркарди пӯстро низ худамон пурра ба роҳ монем.
Мусоҳиб:
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ