Азим Иброҳим: Роҳи оҳани Панҷакент-Самарқанд сохта мешавад, агар…
Имрӯз, 24 –уми июл дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нишасти матбутӣ баргузор гардид. Дар оғоз вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ширкаткунандагон муроҷиат намуда, гуфт, ки ҳама оморҳои вазорат дар варақаи иттилоотӣ мавҷуд аст, бинобар ин ӯ бевосита ба пурсишҳои хабарнигорон посух хоҳад гуфт.
Азим Иброҳим тӯли қариб панҷоҳ дақиқа ба саволҳои журналистон ҷавоб гуфта, ба ҷараёни рушд ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони соҳаи нақлиёт равшанӣ андохт.
Ӯ аз ҷумла, ба саволи хабарнигори Pressa.tj дар мавриди сохтмони ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба нақшагирифташудаи Роҳи оҳани Панҷакент-Самарқанд (Булунғур) гуфт:
-Дуруст аст, ки нақшаи сохтмони ин роҳ ҳанӯз дар замони шӯравӣ мавҷуд буд. Ин роҳ ҳам ба кишвари мо ва ҳам ба ҳамсояҳои мо манфиати зиёд меорад. Ҳатто тариқи он сайёҳони хориҷӣ метавонанд ба саёҳати Саразми 5500 — сола биёянд. Барои оғози сохтмони роҳи мазкур танҳо як чиз намерасад, ки он ҳам маблағ аст. Аммо мо сари ин масъала кор карда истодаем ва умед аст, ки дар оянда ин роҳ сохта шуда, ба манфиати ҳарду халқ хизмат хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ