Азим Иброҳим бо Мазен Шамия вохӯрд

Муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини Вазири корҳои хориҷии Фаластин Мазен Шамия мулоқот кард.

Дар мулоқот, ки дирӯз баргузор гардид, ҷонибҳо рушди имкониятҳои ҳамкориро дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ баррасӣ намуда, аз ҷумла соҳаҳои кишоварзӣ ва сайёҳиро мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.
Ҷониби Фаластин изҳор намуд, ки онҳо тасмим гирифтаанд Рўзҳои фарҳангии кишварашонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намоянд. Ҷониби Тоҷикистон қайд намуд, ки ин пешниҳод тибқи тартиби муқарраргардида матраҳ хоҳад гардид.

Ҳарду ҷониб таъкид намуданд, ки баргузории чунин вохӯрӣ ва муколамаҳо заминаи воқеиро барои рушди ҳамкории минбаъда фароҳам меоварад. Дар ин бора «Ховар» иттилоъ додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *