Азим Иброҳим дар бораи консерваҳои хонагӣ, ботулизм ва кашолкорӣ дар кори Вазорати тандурустӣ

«Вақтҳои охир ҳодисаҳои ботулизм ба қайд гирифта шуда, мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо сабабгори фавти мардум гаштааст»,- изҳор дошт  муовини сарвазир Азим Иброҳим дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ. Ин ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Азим Иброҳим дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Муовини Сарвазир аз роҳбарони сохторҳои масъул – таъминкунандагони бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, вобаста ба рафти иҷрои Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 пурсиш ба амал оварда, изҳори нигаронӣ кардааст, ки ин ҳодисаҳо, яъне ботулизм  бо сабаби истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёркардашуда ба вуқуъ пайвастаанд.

Аз ин лиҳоз, муовини Сарвазир супориш додааст, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор Дастурамал доир ба бехатар тайёр намудани консерваҳои дар шароити хона тайёршаванда омода намуда, ба аҳолӣ пешкаш карда шавад.
Дар ҷаласаи Шӯро оид ба суст ҷорӣ кардани низоми НАССР ва стандарти ИСО 22000 раиси Шӯро, муовини Сарвазир изҳори нигаронӣ кардааст. Зеро то имрӯз аз 457 корхонаи саноати хӯрокворӣ ҳамагӣ 13 корхона низоми мазкурро ҷорӣ карда, 3 корхона соҳиби сертификат шудаанд.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрока ва сиҳатии аҳолӣ» бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардид. Аммо Вазорати номбурда ба кашолкорӣ роҳ дода, то ҳол Низомномаро манзур накардааст. Аз ин лиҳоз, дар Шӯро диққати роҳбарияти Вазорат доир ба ин масъала ҷалб карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *