Азимхоҷа ба 40 ҳазор сомонӣ либосҳои занашро сӯхт

Сокини ноҳияи Шаҳритус Шарипов Азимхоҷа, соли таваллудаш 1984, ки дар зиндагии якҷоя бо собиқ ҳамсараш Қурбонова Зуҳро, соҳиби 5 фарзанд мебошанд, пайваста ҳамсарашро мавриди лату кӯб қарор дода, фазои оиларо ноустувор сохтааст.

Бо ворид шудани ариза 20-уми январи соли 2021 аз ҷониби Қурбонова З. ба Шуъбаи ВКД ноҳияи мазкур, оиди пайваста аз ҷониби собиқ шавҳараш зеру лату кӯб қарор гирифтанаш ва оташ задани тамоми либосвориву ашёҳои рӯзгораш, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, Шарипов Азимхоҷа бо гумони содир намудани ҷинояти бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр боздошт гардид.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Шарипов А. аз соли 2007 бо шаҳрванд Қурбонова Зуҳро оиладор шуда, аз зиндагии якҷояашон 5 фарзанд доранд. Ва аввалҳои соли 2021 аз ҳамсараш ҷудо мешавад.

Шарипов А. мунтазам дағалӣ намуда, собиқ ҳамсарашро мавриди лату кӯб қарор медиҳад ва бо истифодаи дигар усулҳои зӯроварӣ ба ҷабрдида азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯҳи расонидааст, ки дар санади таҳқиқоти судӣ тасдиқи худро пайдо намудааст.

Бо кирдорҳои содиркардааш Шарипов А. дар пайи оташ задани либосу ашёҳои рӯзгор ба Қурбонова Зуҳро, 40 000 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.

Нисбати Шарипов Азимхоҷа дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритуз парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 255 ва 117 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён,
подполковники милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *