«Азимов ифтихори мост» мегуяд Мухамммад Эгамзод
Мухаммад Эгамзод, дипломати точик, ки солиёни дароз дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия кор кардааст, мегуяд пирӯзии як сиёсатмадори тоҷиктабор, ки дар Думаи давлатии Русия курсии вакилии мардумиро дарёфт кардааст, мояи ифтихру сарбаланди барои тоҷикистониён низ метавонад бошад. Харчанд, ки Раҳим Азимов бештар дар пояхои баланди сиёсат, иктисод ва ҷахони бизнеси ин кишвар чеҳраи ошност ва камтар дар доираи диаспораи миллии тоҷикон падид меояд, ӯро ҷомиаи тоҷикистониҳои Русия хуб мешиносанд. Ғалабаи ӯ дар ин интихобот басо эътимоднок буд. Рости, Раҳим Азимов аз нафаронест, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар Русия кору иқомат дорад. Падарашон бобои Азизбой -иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ дар деҳоти Сурху Чоркуҳу Наймани ноҳияи Исфара аз обрӯ ва эътибори хоса бархурдор буданд. Ҳамаи фарзандони ин хонавода холо ашхоси обруманданд. Бо назардошти доираи васеи иртиботи байнипорлумонии кишварҳои мо эътимоду боварии комил дорам, ки ҳузури ӯ дар Думаи давлатии Русия ба густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои судманди миёни Чумхурии Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи Эгамзод, Раҳим Азимов дар хонаводаи иборат за 11 фарзанди Азизбой Азимов, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон дар рустоҳои Чоркӯҳу Наймани нохияи Исфара бузург шудааст. Бародари калониаш Азимбой Азизӣ раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд аст. Ин дипломати тоҷик гуфт, Раҳим Азимов ҳеҷ гоҳ ватани аҷдодиашро фаромӯш накардааст ва дар деҳа мактаби нави замонавӣ сохта мазори кӯҳанбунёди деҳаро обод ва ба бемористони ноҳия кумакҳо кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ