Азизҷон Азимӣ дар рӯйхати маҷалаи бонуфузи «Форбс» (Forbes) – 2018

Азизҷон Азимӣ, як ҷавони муваффақи тоҷик, ки дар Амрико таҳсил мекунад, ба рӯйхати маҷалаи бонуфузи «Форбс» (Forbes) – 2018 таҳти номи «30 то 30» (30 соҳибкори иҷтимоии ҷавони то 30-сола дар Осиё) шомил гардид.

Тавре номбурда дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар додааст, ӯ аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки номаш ба ин рӯйхат ворид гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл ин ҷавони тоҷик барандаи стипендияи Барномаи муътабари «The Knight—Hennessy Scholars» гардида буд. Ин стипендия барои таҳсил дар Донишгоҳи Стенфорди Амрико дода мешавад. Соли равон аз миёни 3 ҳазору 600 довталаб 49 нафар гирандаи ин стипендия гардиданд ва яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон Азизҷон Азимӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *