Азиз ва Раҳима ба Тоҷикистон омаданд

Блогерони маъруф Азиз ва Раҳима, ки чор сол дар Ватан набуданд, ба Тоҷикистон омаданд ва хотири наздикону мухлисонашонро шод карданд. Онҳо бо нашри як навори кӯтоҳ аз омаданашон хабар доданд. Блогерон навори сафарашонро монанди «тренд»-и маъруф, ки кадре дар фурудгоҳ ва кадре аз кишвари сафарнамуда аст, таҳия намудаанд.

Азиз ва Раҳима дар зери наворашон чунин навиштаанд:

— Сафаре, ки 4 сол интизор будем. Ватани мо, Тоҷикистони дӯстдоштанӣ, моро пешвоз бигир.

Ёдовар мешавем, ки блогерони маъруфро ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 1,5 миллион ва дар Тик-Ток зиёда аз 3 миллион нафар пайгирӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *