Азизи Азиз: Баҳри китобхон гаштани кӯдакону наврасон бояд шароит фароҳам бошад

Дирӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» семинар доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, семинари мазкурро кормандони китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Китоб махзани илму маърифат” бо иштироки кормандони Вазорати фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, директорони китобхонаҳои бачагонаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, мутахассисони соҳаи китобдорӣ доир намуданд.

Дар чорабинӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири бачагона Азизи Азиз зимни суханронии хеш аз ҳозирин даъват ба амал овардааст, то баҳри китобхон гаштани кӯдакону наврасон тамоми воситаю шароитҳо фароҳам оварда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 25-уми феврал иштирокчиёни семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ аз китобхонаҳо ва мавзеҳои таърихии пойтахт боздид менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *