Азми бунёди 500 корхона дар Хатлон

  Дар доираи эълони панҷсолаи рушди саноат дар вилояти Хатлон сохтмонӣ 500 корхонаву коргоҳи гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз соли 2022 то имрӯз, беш аз 325 корхонаи гуногун бунёд гардид.

  Ҷамшед Маҳмуродзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар доираи барнома 327 корхона бунёд гардид.

Ӯ мегӯяд, дар соли 2022-ум 144, соли 2023-ум 119 ва дар даҳ моҳи соли равон, 69 корхонаи гуногун сохта ба истифода дода шудааст. Ба таъкиди вай дар доираи панҷсолаи рушди саноат, то соли 2026-ум сохтмони беш аз 170 коргоҳу корхонаи дигар дар назар аст.

«Феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 808 коргоҳу корхонаи гуногуни истеҳсолӣ фаъолият мекунад. Аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Восеъ, Ховалинг, Ёвон ва Муъминобод корхона бунёд шудааст».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *