Азнавсозии хона ва мақбараи Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо ҳолати хона ва мақбараи яке аз шахсиятҳои шинохтаи шаҳри бостонии Хуҷанд Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ шиносоӣ пайдо карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, он яке аз обидаҳои таърихии шаҳр ба ҳисоб меравад ва мардуми Хуҷанду атрофи он 800 сол инҷониб эҳтироми ин бузургворро ба ҷо оварда, поси хотирашро нигоҳ медоранд.
Гуфта мешавад, ки хонаи таърихии Ҳазрати Бобо низ дар ин мавзеъ ҷойгир буда, имрўз ниёз ба азнавсозӣ дорад.
— Дар матни насабномаи “Ҳазрати Бобо II” номи аслии Ҳазрати Бобо Сайид Султонхоҷа Аббос ва лақабаш Ҳастӣ Мирзо Бобо омадааст. Аз рӯи манобеи муътамад, мавсуф Устоди Мавлоно Шамси Табрезӣ будаанд. Бояд қайд кард, ки дар ҳарду насабнома номи Аҳмади Ҷомӣ, ҳамчун падари Ҳазрати Бобо, якеро ном Заҳируддин Исо бо лақаби “Бобо Ҷобир” ва дигаре Саййид Султонхоҷа Аббос бо лақаби “Ҳастӣ Мирзо Бобо” омадааст. Дар мавриди замони зиндагии Ҳазрати Бобо тибқи иттилои сарчашмаҳои баррасишуда эшон фарзанд ва ё муриди Аҳмади Ҷомӣ ба қалам дода шудаанд, аз ин ҷо замони зиндагии Ҳазрати Бобои Камоли Хуҷандӣ ба асри XII рост меояд,- меафзояд манбаъ.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини меъморӣ ва шаҳрсозӣ дастур додааст, ки лоиҳаи муосири азнавсозии ин мавзеи таърихиро омода намоянд ва ба корҳои сохтмонӣ омодагӣ гирифта шавад. Масъулини соҳаи фарҳанг муваззаф гардидаанд, ки оянда барои ба макони таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ мубаддал намудани ин макон тадбирҳо андешанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ