Қазоқистон: Ҳабси ду нафар барои гӯш кардани мавзиъиза дар ВКонтакте

Додгоҳи ноҳияи Буробойи Қазоқистон 25 апрел ду сокини маҳаллӣ ─ Галимҷон Абилкаирови 30-сола ва Дадаш Маженови 28-соларо, ки худро пайрави равияи динии «Салафия» меномиданд, ду моҳ ҳабс кард.

Вакили дифоашон Бахит Сулаймонов мегӯяд, аз саҳифаҳои шахсии ин ду шаҳрванди Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ садои мавъизаи мамнуъро пайдо кардаанд ва ҳоло онҳо ба таблиғи терроризм» айбдор мешаванд.

«Худи айбдоршавандаҳо мегӯянд, чизеро паҳн накардаанд. Вале обуначиёне ҳастанд, ки ин садоро гӯш кардаанд», — афзуд Сулаймонов.

Ҳамсари Абилкаиров — Жадир Бекенова дар як суҳбати телефонӣ гуфт, шавҳари ӯ ҳамроҳ бо Маженов ин мавъизаро ҳанӯз соли 2016 дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» гӯш карда, баъдан онро пок кардаанд.

«Садоро ду сол пеш гӯш карда буданд. Он замон гӯш кардани ин мавъиза манъ набуд. Он баъдан дар соли 2017 манъ шуд. Ҳарчанд наворро баъд аз гӯш кардан пок карданд, вале дар бойгонии Интернет боқӣ мондааст ва кормандони Кумитаи амнияти Қазоқистон онро пайдо карданд», — изҳор дошт Бекенова.

Ба гуфтаи ӯ, шавҳараш сафҳаи худро дар «ВКонтакте» кайҳо боз баста буд. Дар хадамоти матбуотии Кумитаи амнияти Қазоқистон гуфтанд, танҳо баъд аз дархости расмӣ ин қазияро шарҳ хоҳанд дод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *