Қазоқистон: Марди тоҷик хушдоман ва хоҳарзанашро кушт
Додгоҳи байниноҳиявии вилояти Қазоқистони шарқӣ як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон бо номи Арбобро бо ҷурми куштани хоҳарарӯс ва захмӣ кардани хушдоманаш ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Арбоб аз вай ҷудо шудани ҳамсараш Олгаро кори хушдоманаш дониста, дар ҳолати мастӣ ин зан ва духтари хурдиашро чанд зарбаи корд задааст.
Нашрияи Аltaynews.kz тафсилоти парвандаи пурсарусадои баҳси хунин дар оилаи як муҳоҷири 45-солаи тоҷик бо номи Арбобро нашр кард. Бино ба ин гузориш, Арбоб ба хотири баргардондани ҳамсараш Олга ба даст корд гирифт ва дар натиҷа хушдоману хоҳарарӯси ӯ осеб диданд.
Муҳокимаи ин парвандаро ахиран додгоҳи байниноҳиявии парвандаҳои ҷиноии вилояти Қазоқистони шарқӣ анҷом додааст.
Людмила Побияха, сухангӯи ин додгоҳ гуфт: «Додгоҳ айбдоршавандаро бар асоси моддаҳои 99 ва 24-уми Кодекси ҷиноятии Қазоқистон дар куштор, омодагӣ ба ҷиноят ва қасди ҷиноят гунаҳкор шинохт ва ба 18 соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҳукм дар додгоҳи низоми амниятиаш шадидтарин маҳкум кард.”
«Алтайнюс” бо такя ба маводи парванда менависад, ки Арбоб аз Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Қазоқистон омада, дар шаҳри Уст-Каменогорск муқим шуд. Дар ин шаҳр ҷои кор ёфт, ба Олга ном як зани маҳаллӣ издивоҷ кард ва соҳиби ду духтари дугоник шуд.
Зоҳиран Арбоб дар Уст-Каменогорск соҳиби як зиндагии осуда шуд, вале майхорагӣ дар ниҳоят сабаби шикасти ин зиндагии хубу ороми ин муҳоҷири тоҷик гардид.
Арбоб чанд дафъа дар ҳолати мастӣ ба сари ҳамсараш даст бардошт ва Олга дигар тоқат наоварда, ҳарду духтарашро бо худ гирифт ва ба хонаи модараш кӯчид. Олга ҳамин тавр, ба додгоҳ ариза дод, ки никоҳи онҳоро бекор кунанд.
Дар ин байн Арбоб аз хешовандонаш дар Тоҷикистон пул гирифт ва дар фикри харидани хона дар Уст-Каменогорск шуд. Ӯ ба хонаи хушдоманаш рафт, ки ин хабарро ба Олга бирасонад, вале ӯро наёфт. Хушдомани Арбоб домодашро ба хона роҳ надод ва дар дами дар ба ӯ гуфт, ки агар Олга баъди ин ҳама таҳқиру латукӯб боз ба пеши шавҳараш баргардад, ҳеҷ гоҳ духтарашро нахоҳад бахшид.
Баъди чанд вақт Олга хост, ки яхдонашро аз хонаи Арбоб бигирад. Модару хоҳараш пешакӣ ба онҷо рафтанд, ки яхдонро берун бароранд ва Олга аз пушти мошин барои овардани яхдон шуд.
Вақте хушдоману хоҳарарӯсаш ба хонаи Арбоб омаданд, ӯ маст буд. Арбоб онҳоро бо корд пешвоз гирифт ва хушдоманашро гунаҳкори асосии аз ҳам пошидани оилаи худ номида, ба сару рӯи модару духтар бо корд задан гирифт. Хушдоман, бино ба маводи парванда, чанд дафъа аз Арбоб илтиҷо мекунад, ки духтари хурдиашро кор нагирад, чунки вай гуноҳе надорад.
Баъди аз по афтодани духтараш зан фурсате пайдо карда, бо телефон ба Олга занг зада, асли ҳодисаро хабар медиҳад. Олга ба навбати худ ба пулис занг мезанад.
Арбоб вақте дарк мекунад, ки чӣ коре кардааст, ба шиками худ корд мезанад.
Олга ва пулис вақте вориди ин манзил шуданд, манзараи мудҳишеро диданд: Модари Олга дар дами дар бо латтае шикамашро дошта, бо дасти дигар духтари дар хун оғӯштаашро оғӯш гирифта буд. Дар даруни хона Арбоб корд дар шикам оғӯштаи хун хобида буд.
Хоҳари Олга дар бемористон ҷон дод, вале табибон тавонистанд модари ӯро аз марг наҷот диҳанд. Арбоб низ аз марг наҷот ёфт, вале акнун барои 18 сол ба зиндон меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ