Қазоқистон: Ҳукми қатл барои куштор
Додгоҳи Қазоқистон Руслан Кулекбоевро дар куштори 10 нафар ва ҳамлаи мусаллаҳона дар моҳи июл соли 2016 муҷрим эълон кард ва ба ӯ ҳукми қатлро раво дид. Кулекбоев 18 июл баъди ҳуҷум ба идораи пулис ва департаменти Кумитаи амнияти миллӣ боздошт шуд. Мақомоти Қазоқистон ин ҳодисаро амали террористӣ унвон карданд. Кулекбоев гуноҳро бар дӯш гирифт, аммо аз амали худ изҳори пушаймонӣ накард. Аз соли 2003 дар Қазоқистон ба истифодаи ҳукми қатл «моратория» ҷорӣ шуд. Аммо ҳамзамон додгустарҳо ҳақ доранд муҷримро ба қатл маҳкум кунанд, ки метавонад дар ҳолати бекор шудани «моратория», татбиқ гардид. Мақомоти Қазоқистон то ҳол лағви мораторияи ҳукми қатлро матраҳ накардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ