Азобҳои навбатии муҳоҷирони тоҷик аз дасти пулиси рус (Видео)

Ба дасти сомонаи «Ахбор” видеои даҳшатоваре расид, ки дар Русия дар ҳавои сард чандин соат дар берун нигоҳ доштани даҳҳо муҳоҷири тоҷик тасвир мекунад. Муҳоҷирони бечора аз сардӣ чунон меларзанд, ки почак мезананд. Бархеаш ҳатто кӯрпаҳояшонро дар рӯи замин партофтаанд, ки ақалан пойҳояшонро сард назанад.

Дар идомаи видео мебинем, ки онҳоро ба шуъбаи пулис бурдаанд ва бачаҳои тоҷик ҳар куҷо, ки рост омад, ҳатто дар рӯи фарши қоқ хобидаанд.

Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик хабар дод, ки ин муҳоҷирони тоҷикро соати панҷи субҳи 20 феврал дар атрофи шаҳри Домодедово аз ҷои хобашон дастгир карда, аз соати 5 то 19:30 қариб 15 соат дар ҳавои сард нигоҳ дошта, сипас то соати 12-и шаб, боз чоруним соати дигар дар даруни автобус нигоҳ доштаанд ва танҳо баъди ин муҳоҷирони беҳолшударо ба пулис бурдаанд. Аммо дар пулис низ ягон шароит барои боздошти ин қадар муҳоҷир вуҷуд надорад ва бисёрии онҳо, ки тамоми рӯз рӯи по буданд, беҳолона дар рӯи фарши сахту қоқ дароз кашидаанд.

Наворбардор мегӯяд, ки боздоштшудаҳо тақрибан 80 нафаранд ва дар байни онҳо занони тоҷик низ ҳастанд. Ӯ мегӯяд, инак рӯзи дуюм аст, ки онҳо чизе нахӯрдаанд, вале онҳоро на ҷавоб медиҳанд ва на мегузоранд, ки ақаланто ягон мағоза рафта, барои худ ягон хӯрданӣ бихаранд…

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *