Ҷазои сартарошону доруфурӯшон сахттар шуд
Парлумони Тоҷикистон барои ворид кардани доруи пастсифат ва муҳлаташ гузашта, инчунин, ба бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД ва ҳепатит гирифтор кардани муштариҳо дар дандонпизишкиву кошонаҳои ҳусн, аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таъйин кард.
Бар асоси тағйироте, ки рӯзи 5-уми декабр ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шуд, барои такрори ин амал аз 8 то 12 сол муқаррар гардид.
Агар шахсе дар пайи фаъолияти духтур ё дар кошонаи ҳусн ба бемории сироятӣ гирифтор шуда, дар натиҷа бифавтад, ин пизишк ё устои сартарошхонаву кошонаи ҳусн бори аввал аз 5 то 8 ва бори дувум аз 8 то 12 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ