Ҳазор сол шеър гуфтем, бас !

Субҳи имрӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Академияи корҳои дохилӣ сухане ба забон овард, ки дер боз интизораш будам.Ӯ гуфт: “Мо бояд дар мактабҳои миёна сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардорем ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба ин фанҳо бештар ҷалб созем”. Ин суханони Президент аз куҷо маншаъ мегиранд? Албатта, аз натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази тестӣ. Тавре ки ӯ гуфт, имсол ҳам нақшаи қабул ба факултаҳои илмҳои дақиқи донишгоҳу донишкадаҳо иҷро нашуд ва ҳама  ё юрист шудан мехоҳанд  ва ё духтур (сабабашро хонандаи закӣ пай мебарад) . Чӣ, магар миллати мо ин қадар ҷанҷолӣ асту саропо ниёз ба адвокату суд дорад ва ё саросар  бемор аст? На ину на он. Бо роҳнамоии волидон фарзандони мо дар майнаи худ андешаеро ҷой додаанд, ки танҳо ҳамин касбҳо “равғанӣ” ҳастанд ва ояндаи онҳоро таъмин карда  метавонанд. Илмҳои дақиқ, аз қабили омӯзиши техникаи ҳозиразамон, физикаю химия дар байни хатмкунандагони имрӯза он қадар обрӯй надорад, зеро “сермеҳнату камдаромад” аст. Ё миллати мо ба ғайр аз шеъргӯию  гастарбайтерӣ дигар ҳунаре надорад?

 Миллати мо ҳама ҳунарро дорад ва инро на танҳо дар гузашта, балки имрӯз ҳам исбот карда истодааст. Мисоли мушаххас мехоҳед? Марҳамат, дар бисёр макотиби олӣ ва ҳатто заводҳои калони Русия тоҷикони дар он ҷо таҳсилдида  ба ҳайси иженер, муаллимони фанҳои дақиқ ва ҳатто соҳаи ракетасозӣ кор  карда истодаанд. Онҳо дар Аврупо, ки худро гаҳвораи тамаддуни имрӯза меҳисобад,  чӣ дар пажӯҳишгоҳҳо ва чӣ дар мактабҳои олӣ,  ҳатто дар парлумони ин кишварҳо  фаъолият доранд. Тоҷике бо номи Равшан Носирӣ дар Нидерландия (Ҳоланд)  сардори Раёсати Вазорати маорифи ин кишвар оид ба инноватсия ва технологияи нав  мебошад.  Фаррух Сатторов дар синни 27 солагӣ пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ оид ба технологияи коммуникатсионӣ  дар шаҳрдории Санкт- Петербург фаъолият дорад,  доктори 34 солаи тоҷик Мирзосаид Султонов дар Ҷопон ба донишҷӯёни  ин кишвар бо забонҳои ҷопонӣ ва англисӣ аз иқтисодиёт дарс мегӯяд ва чунин мисолҳо кам нестанд.

Пас, айб на дар танбалию дақиқгурезии тоҷикон аст ва бояд манбаи онро дар ҷои дигар ҷуст. Як манбаи чунин норасоиро  худи Президент нишон дод, яъне фанҳои  дақиқ дар шабакаи омӯзишии кишвар ҷои қонунии худро наёфтааст. Албатта, муаллифи ин сатрҳо, ки  ба маводаш чунин унвони ба назари аҳли фарҳанг нохушояндро гузошт, шояд ҳақ набошад, вале мақсад на паст задани ҳунари шеърофарию фарҳангсолории миллат аст, балки бо ин гуфтанист, ки имрӯз танҳо бо шеър гуфтан бо замона ҳамқадам будан душвор аст. Чанд сол боз муҳарририи нашрияи дар дастатонбударо ба дӯш дорам ва дар ин муддат ба як тазоди аҷибе  дучор шудам, ки аз гуфтанаш худдорӣ карда наметавонам. Мо таҳти рубрикаи  “Қанду фанд” саҳифаи озмун  боз намудем, ки дар он бояд дар бораи он корхонаҳое сухан мерафт, ки бо сад шукӯҳу шаҳомат лентабурӣ  мешуданду аммо баъд аз муддате аз кор мемонданд. Ин як навъ хокпошӣ ба чашми мардуму Ҳукумат буд. Ҳарчанд чунин корхонаҳо зиёд буданд, аммо ҳамагӣ ду мақола омад.  Дар бораи дастовардҳои илмию техникӣ  саҳифа боз намудем, хонандае ва ё олиме  вокуниш нишон надод. Аммо ҳангоме, ки озмуни шеър эълон кардем, дигар ҷои шеърпартоӣ намонд. Наход кишвари мо ҳазорон шоир дошта бошаду ягон ихтироъкор надошта бошад? Бояд ба коре, ба ҳунаре машғул шуд, ки ба сабук кардани зиндагии мардум равона шуда бошад аммо ин қоида истисно ҳам доштааст.

Ёд дорам, вақте ки  Одили Нозир, яке аз шогирдон ва хамкорони банда пас аз хатми  мактаби миёна ба ягон мактаби олӣ дохил шудан хост, ба ӯ маслиҳат додам, ки беҳтараш ба ягон факултаи Донишгоҳи техникӣ дохил шавад ва ин маслиҳати маро дигар ақрабояш низ дастгирӣ карданд. Он замон ба ӯ гуфтам: “Аз журналистию нависандагии ту чӣ фоида? Беҳтараш инженер шав, ки як ҳунар аст”. Аммо ӯ ду пойро ба як мӯза тиққонда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистӣ супурд. То кадом андоза ӯ журналисти муваффақ ва нависандаи муваффақ аст, баҳоро хонандагонаш медиҳанд. Аммо на ҳама бо чунин пофишорӣ соҳиби касби дӯстдоштаи худ мешаванд ва аксаран аз рӯи гуфтаи волидон ва ё баҳои дар Номаи камол доштаашон ҳуҷҷат месупоранд. Дар ин Номаи камол бошад, кам андар ками хонандагон аз фанҳои дақиқ  баҳои хубу аъло доранд, зеро агар бо ибораи Президент гӯем “дарси шоҳмот наомӯхтаанд”. Барои он, ки ҷомеа пеш раваду кишвар тараққӣ кунад, воқеан ҳам ба мо аз шоиру журналист дида, инженеру химик ва электрик заруртаранд.  Он гоҳ ба қавли роҳбари давраи ба қавле “рукуд” Леонид Брежнев, “нон ҳам мешаваду суруд ҳам”. Аммо барои ин бояд завқи хонандагонро дар мактаби миёна нисбат ба ин фанҳо афзуд. Чун Рӯзи Дониш аст, ба худ иҷозат медиҳем, ки сари ин масъала чанд саволе ба миён гузорем: Канӣ кружоки планёристҳо, ки солҳои пеш байни хонадагони мактабҳо нуфуз доштанд ? Канӣ кружокҳои дигари техникӣ, аз қабили мошинсозӣ, дуредгарӣ ва ғайра? Шояд бошанд, аммо дар доираи маҳдуд. Қаблан чунин кружокҳо дар ҳар як мактаб. Аз ҷумла, мактаби деҳаҳаои дурдасттарин ҳам буданд. Вобаста ба замона, агар имрӯз кружокҳои омӯзиши компютер (ба ғайр аз барномаи ҳатмии омӯзишӣ) ҷорӣ шаванд, боварӣ дорем,ки шавқмандони зиёде пайдо  хоҳанд шуд. Албатта , ҳарчанд таҷрибаи кор бо хонандагонро дошта бошем ҳам, аммо мутахассиси соҳа нестем ва барои ҳамин аз ин зиёд чизе гуфта наметавонем.

Аммо як чиз имрӯз то андозае касро хушбин мекунад, ки шавқмандони факултаи энергетикӣ ( шояд таъсири сохтмони асри тоҷикон-НОБ-и “Роғун” бошад) хеле  афзудаанд. Ҳамчунин, барномасозии компютер низ  яке аз касбҳои серхаридор гаштааст. Пас, биёед андаке шеър камтар гӯему аз паси техника шавем, зеро то мо Ҳофизу Фирдавсӣ ва ниҳоят Лоиқ он чизеро, ки лозим буд, гуфтанд аз онҳо беҳтар гуфтан дар гумон аст. Аммо кайҳону пешрафти техника  беканор аст ва омӯзиши он ҳам охир надорад.

А. Аҳмадзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *