Бўй кашидани гул дар ҳолати рўза кароҳат дорад

Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ ба як қатор саволҳои суолгузорандагон посух дод, ки беҳтаринҳояшро пешкаши хонандагони азиз месозем.

Фатҳиддин аз шаҳри Панҷакент мепурсад, ки оё дар моҳи шарифи Рамазон истифода бурдани ҳар гуна хушбўӣ ва бўй кашидани гулҳо дуруст аст?

Домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ посух мегӯяд:

— Бародари азиз, истифодаи хушбўӣ ва бўй кашидани гул дар ҳолати рўза кароҳат дорад, аммо ба машом расидани бўйи хуш бидуни ихтиёри рўзадор боке надорад.

Гурез аз шаҳри Кӯлоб чунин суол мегузорад:

— Дар моҳи Рамазон истифодаи мисвок ё шоткаи дандоншўӣ бе хамираи он мумкин аст ё на?

Домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ мегӯяд:

— Дар ҳолати рўза тоза кардани дандон бо мисвоки табиӣ ҷоиз аст ва ба рўза нуқсоне ворид намекунад, агарчи талхии он маълум шавад, вале оби онро фурў набарад. Шустани дандон бо мисвоки маснуӣ (шотка) бидуни хамираи он ҷоиз аст, аммо бо хамира макруҳ аст, агар аз хамираи он чизе ба ҳалқ фурў равад, рўза фосид ва қазо лозим мешавад.

Ҷамшед аз шаҳри Исфара мепурсад:

— Домоду арўсе, ки нав издивоҷ кардаанд, метавонанд рўзаи моҳи шарифи Рамазонро бигиранд?

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ чунин аст: — Бародари азиз, рўзаи моҳи шарифи Рамазон бар зиммаи ҳар фарди мусулмони пиру ҷавон, аз ҷумла бар арўсу домоди тозаиздивоҷкарда фарзи айн аст ва тарки он гуноҳи кабира ҳисобида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *