“Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён” дар “Самарқанд”

Шумораи ҳафтуми фаслномаи адабиву фарҳангии «Самарқанд», ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба табъ расид, ба шинохтномаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамчунин, таърих, фарҳанг ва ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Ин маҷалла дар Теҳрон аз ҷониби Алии Деҳбошӣ нашр мешавад.

Дар 702 саҳифаи маҷаллаи “Самарқанд” мақолаву шеърҳо ва мусоҳибаҳои адибону пажӯҳишгарон аз Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон фароҳам омадааст, ки дар онҳо доир ба рӯзгору осор ва ҷойгоҳи шеъри Одамушшуаро Рӯдакӣ дар адабиёти форсӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчунин таърих, адабиёт, забон, фарҳанг ва вежагиҳои таҷлили Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон сухан меравад. Ҳамин аст, ки метавон ин шумораи ҳафтуми фаслномаи адабиву фарҳангии «Самарқанд»-ро (шумораи 7, соли 1403) метавон вежаномаи Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Матолиби маҷалла аз ду бахш иборат аст. Бахши нахуст, ки “Шинохтаномаи Рӯдакӣ” ном дорад аз мақолаҳои зерини илмӣ иборат аст: “Сувари хаёл дар шеър Рӯдакӣ” (Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ), “Одамушшуарои шеъри форсӣ” (Ҳасан Анварӣ), “Рӯдакӣ — шоири равшанбин” (Абдулҳусайни Зарринкӯб), “Қабри устод Рӯдакӣ ва рустои Рӯдак” (Садриддин Айнӣ), “Боди ҷӯйи Мӯлиён” (Муҳаммадамини Риёҳӣ), “Нигоҳе ба таърихи сиёсии замони Рӯдакӣ” (Аълохон Афсаҳзод), “Зодгоҳ Рӯдакӣ дар таърихи Панҷакенти қадим” (Расул Ҳодизода), “Рӯдакӣ ва ихтирои рубоӣ” (Ҷалолуддини Ҳумоӣ), “Рӯдакӣ — устоди шоирони қарни чаҳорум” (Саид Нафисӣ), “Аносири бадеӣ дар шеъри Рӯдакӣ” (Ҳамид Зарринкӯб), “Чашмаи равшан” (Ғуломҳусейни Юсуфӣ), “Мақоми Самарқанд дар давраи шаклгирии адабиёти форсӣ-дарӣ” (Садрӣ Саъдӣ), “Варо бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд” (Рустам Ваҳҳобзода), “Ҳувияти Эроншаҳрии Рӯдакии Самарқандӣ” (Маҳмуд Футӯҳӣ), “Қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и  Рӯдакӣ ва шеъри қасидаи ҳолия дар садаи даҳум” (Абдунабӣ Сатторзода), “Рӯдакӣ — одамушшуарои шеъру адаби порсӣ ва ҷаҳон” (Анзурати Маликзод), “Соҳибқирони шоирон” (Дилшоди Фарҳодзод ва Баҳодур Раҳмонов), «Сарнавишти шоир»: Рӯдакӣ бар пардаи синамои тоҷик” (Бурҳон Салмон), «Қисмати шоир” (Одил Нозир), “Сурати навини абёти Рӯдакӣ дар тасҳеҳи ҷадиди таърихи Байҳақӣ” (Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ ва Сайидмаҳдӣ Саидӣ), “Шоире бо бунияти офтобӣ” (Абдулхолиқи Набавӣ), “Рӯдакӣ ва Фаррухии Систонӣ” (Умар Сафар), “Дар бораи Рӯдакӣ” (Масъуди Миршоҳӣ), “Таъсири Рӯдакӣ ба шеър ва андешаи Бедил” (Нуралӣ Нурзод), “Дар бораи тарҷумаҳои русии ашъори Рӯдакӣ” (Матлубаи Мирзоюнус), “Садриддин Айнӣ ва Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ” (Масъуд Ирфонён), “Ашъори Рӯдакӣ дар «Таърихи Байҳақӣ» (Сайфулло Муллоҷон), “Устод Абдуллоҳ Рӯдакӣ дар шеъри шоирони ғайрифорсигӯй” (Шоҳмансури Шоҳмирзо), “Рӯдакӣ — бунёдгузори адабиёти форсӣ” (Шарифмуроди Исрофилниё).

Ҳамчунин, дар ин бахш мусоҳибаи рӯзноманигори тоҷик Одил Нозир бо суханшиноси самарқандӣ Амина Шарофиддинова таҳти унвони “Бозгашти Рӯдакӣ ба Самарқанд”, баргузидаи ашъори Рӯдакӣ дар интихоби Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ “Чаҳор суруда”-и Фарзонаи Хуҷандӣ ва “Дар Самарқанд…” ном шеъри Толиб Озарахш низ чоп шудааст.

Дар бахши дуюми вежанома, ки “Тоҷикистон” ном дорад, мақолаҳои “Тоҷикистон”-и Ҳабиб Бурҷиён, “Лаҳҷаи тоҷикӣ”-и Беҳрӯз Маҳмуди Бахтиёрӣ, “Адабиёти Тоҷикистон”-и Асғар Додбеҳ, “Наврӯз ва муколамаи фарҳанги аҷам ва араб дар қуруни нахусти Ислом”-и Низомиддин Зоҳидӣ, “То ҳаст оламӣ, то ҳаст одаме”-и Ғуломҳусейн Юсуфӣ, “Аз форсӣ ба тоҷикӣ”-и Масъуд Ҳусайнипур, “Аз шаҳри Ҳофиз то диёри Рӯдакӣ”-и Парвиз Нотили Хонларӣ, “Наврӯз дар Тоҷикстон”-и Афшин Шоҳрӯдӣ, “Сафар ба куҳандёри ниёгон — Хуросон бузург”-и Акбари Эронӣ, “Мулоқот бо марди дандонтилло”-и Адолат Обидинӣ нашр шудаанд. Дар ин нигоштаҳо сухан дар бораи таъриху ҷуғрофиё, забону адаб, фарҳангу ҳунар ва Наврӯзи Тоҷикистон меравад.

Мавриди зикр аст, ки фаслномаи адабиву фарҳангӣ ва ҳунарии “Самарқанд” аз ҷониби, бунёдгузор ва сардабири маҷаллаи маъруфи “Бухоро” Алии Деҳбошӣ соли 2021 (1400) таъсис ёфтааст ва соле чаҳор маротиба нашр мешавад. Нақши ин маҷалла дар тарғиби таъриху фарҳанг ва забону адабиёти тоҷик дар Эрон бориз мебошад. Зеро дар гузашта ҳам, ин маҷалла вежаномаҳои “Таърих ва фарҳанги Бухоро” (Шумораи 5, баҳори 1403), “Таърих ва фарҳанги Самарқанд” (Шумораи 4, тобистони 1403)-ро нашр карда буд.

О. Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image