Бӯса рӯзаро мешиканад? Суҳбати Рамазонӣ бо Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо — руҳонии шинохтаи кишвар мегӯяд, ки бӯса яке аз шиканандаҳои рӯза дар моҳи шарифи Рамазон мебошад.

Меҳрубон ном сокини Душнабе ба Ҳоҷӣ Мирзо суол додааст:

«Чанд рӯз пеш зан гирифтам. Ҳоло арӯсу домоди навем ва ба якдигар шавқу рағбати зиёд дорем. Арӯсамро бӯса кунам, рӯзаам мешиканад?”

Ҳоҷӣ Мирзо чунин посух додааст:

“Шаҳвати ҷавон аз шаҳвати пиронсол фарқ мекунад, бинобар ин, беҳтар мешавад, ки ҷавонмардон дар моҳи Рамазон рӯзона ба занҳояшон на дастдарозӣ кунанд ва на бӯсобӯсӣ намоянд. Шабона, то субҳдам бӯсаву меҳрварзиро шариат манъ накардааст, ҳар қадар меҳрубонию навозише, ки мехоҳед, то дамидани субҳ кунед”.

Моро дар Телеграм пайгирӣ кунед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *