Бӯстон: Мавсума Муинӣ дархости сокинонро иҷро кард (аудио)

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ тибқи дархости як гуруҳ сокинони кӯчаи Дӯстии халқҳо, хонаи №13, ки зимни қабули шаҳрвандон пешниҳод карда буданд, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи ҷараёни сохтмони иншооти бинои истиқоматӣ воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо дидан намуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Бӯстон, зимни суҳбат бо сокинони бинои мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ таъкид дошт, ки имрӯз дар ободу зебо ва назаррабо намудани ҳар як гӯшаи шаҳр бевосита саҳми кулли сокинони шаҳри Бӯстон зарур мебошад.

— Имрӯз Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кӯшиш ба харҷ додаанд, то барои шаҳрвандони кишвар шароити муносиби зиндагӣ фароҳам ояд. Бо зиёд гардидани аҳолии шаҳр, рушду тараққиёти мамлакат, пешрафти замона зарурати бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва иншооти иҷтимоӣ ба миён омада, он дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад,- афзудааст ӯ.

Зимни шиносоӣ бо нақшаи лоиҳавии бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азимов Амирбек дар масоҳати 672 метри мураббаъ бунёд мегардад, иттилоъ дода шудааст, ки қарор оид ба ҷудо намудани қитъаи замин соли 2021 ба тасвиб расида, айни ҳол корҳои лоиҳакашии иншоот аз ҷониби масъулин бомаром идома доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, сохтани таваққуфгоҳу майдончаи муосири варзишӣ ва бозии кӯдакона, анҷом додани корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар атрофи иншооти сохташаванда ва бо инобати дархости сокинони ин минтақа дубора тарҳрезӣ намудани лоиҳаи ангоравӣ ва пешниҳоди он барои экспертизаи давлатӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *