Б.Ғафуров: Мукофоти раис насия будааст

Чуноне сомонаи Ахбор менависад, ба раиси маҳаллаи Баҳористони ҷамоати Хистеварз, ки барандаи озмуни маҳаллаи беҳтарин шуд, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назди мардум ботантана телевизион тӯҳфа кард. Вале баъди чанд рӯз аз ҷамоат ба раиси маҳалла занг задаанд, ки ё пули телевизорро диҳад ваё ба ҷамоат баргардонад, чунки онро аз бозор … нася гирифтаанд.

Файзинисо ВОҲИДОВА

Ҳукумати ноҳия тӯҳфа дод, раиси ҷамоат бозпас гирифт

Худнамоишдихи буд е фиреби мардум?


Бародарам раиси кумитаи маҳаллаи Баҳористони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров мебошад. Ӯ дар замони Шӯравӣ хизмати Ватан-Модарро дар Афғонистон вақти хуруҷи ҷанги дохила ва инқилоби Кобул адо намуда, захмҳои бисёре бардоштааст. Аз он ҷумла як панҷаашро гум кардааст. Дорои маълумоти олӣ ва чанд сол қабл ҷаррохиро аз сар гузаронида, субусашро гирифта партофтанд. Бо ин сабаб ба ӯ маъюбии корношоям доданд.

Тамоми умраш танҳо дар як ташкилот кор кардааст. Ғайрату масъулиятшиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва истеъдоди ташкилотчигиашро ба назар гирифта, хоҳиш карданд, ки барои ободонии шаҳраки Баҳористон хиссаи худро гузорад ва раисии маҳалларо ба ӯҳда гирад. И

н як кори бемаош аст, вале эҳсоси хизмат ба Ватан ӯро бетараф нагузошт. Аз саҳари солеҳ баромада меравад. Ҷанҷоли оилавӣ, кашмокашиҳои ҳамсояҳо, қатъи барқ, об ва дигар мушкилоти мардум ӯро дар як рӯз ба чандин километр пои пиеда мебарад. Ягон маротиба миннат ҳам намекунад.

Имсол ба муносибати Иди Истиқлолият дар ҷамоати Хистеварз озмуни маҳаллаи беҳтарин эълон гардидааст. Шаҳраки Баҳористон оби ошомиданӣ надошт. То рӯзи Истиқлолият қубурҳои об гузаронида, бо кумак ва дастгирии ҳукумати ноҳия шаҳрак пурра бо оби нӯшокӣ таъмин шудааст.

Дар озмун шаҳраки Баҳористон бехтарин маҳаллаи ҷамоат дониста шуда, аз номи раиси ноҳияи Б.Ғафуров ба бародарам ҳамчун раиси маҳалла як адад телевизор тӯҳфа мекунанд. Албатта дар иштироки ҷамъи одамони зиёд, дар рӯзи чашнгирии Истиқлолият.

Баъди се рӯзи супоридани тӯҳфа дарди сар оғоз мешавад. Муовини раиси ҷамоат занг зада, талаб мекунад ки тӯҳфаро бозпас оварда дихад, ки аз бозор насия гирифтаанд ва ҷамоат барои пардохти он маблағ надорад ва е 1000 сомонӣ оварда бародарам супорад, 400 сомонии бақияашро ҷамоат тавони пардохт дорад.

Тӯли як ҳафта аз занги телефонӣ безор мешаванд. Ахиран, ҳамсари бародарам ба муовини раиси ҷамоат занг зада гуфтаст, ки тӯҳфаро аз номи раиси ноҳия супоридед ва агар раиси ноҳия талаб кунад, бармегардонад. Муовини раиси ҷамоат гуфтааст, ки раиси ноҳия ягон хел тӯҳфа нахаридаасту ба онҳо «грузить» кардааст. Кор то дараҷае расидааст, ки баъди як ҳафта намояндаи ҷамоат омада аз ҳонаи бародарам тӯҳфаро бурданд.

Аз ин ҳодиса ман имрӯз хабардор шудам ва гуфтам, ки чаро аз ин ҳукуматиҳои гадову гурусна тӯҳфа кабул кардед? Аз ин қабл борҳо шунида будам, ки дар назди раисчумхур тӯҳфа супорида, баъди рафтанаш бозпас гирифтаанд.

Хатто шунида будам, ки барои иҷрои накшаи пахта худи ҳочагиро «грузить» карда мошин мехаронанду раиси ноҳия месупорад. (Манзурам ноҳияи Б.Ғафуров нест).

Ин ҳукуматҳои маҳаллӣ серӣ надоранд. Шармандатарин намояндаи ҳокимияти иҷроияи кишвар мебошанд.

Ман медонам, ки баъди ин навиштаҳоям хатман бародарамро аз раиси маҳалла ҳолӣ карда, шояд аз А.Қодирӣ дар ин хусус як супориши махсус ҳам шавад. Зеро чиновникҳои мо таҳаммули интиқодро надоранд. Ҳол он ки ин интиқод ҳам нест, ин ҳақиқат дар рӯзи равшан аст. Вале, ин кори ҷамъиятии ройгон буда, тарсе аз ин надорем. Назар ба ҳомӯш будан аз ин амали пасттарини инсонӣ, гуфтанро бех медонему, шояд ин телевизор ҳамчун тӯҳфа дари ҳонаи чандин нафаронро зиёрат карда гардад ва ё мисли беваи бешавхар шояд як рӯз тавқифгоҳи худро пайдо кунад. Аммо то ун замон телевизори сархӯр ба фоҳишаҳои касбӣ табдил ёбад? Ана ин ҳукумату, ин ҷамоату мардуми сарсахт!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *