Бӯса кардан дар Рамазон ҷоиз аст?

Аз Оиша (р) ривоят аст:

«كان رسول الله (ص)يقبل وهو صائم ويباشر وهو صائم ولكنه كان املكم لاربه»
«Паёмбари Худо (с) дар ҳоле, ки рўзадор буд, ҳамсаронашро бўса мекард ва ба оғуш мегирифт. Вале бар нафси худ худдортарини шумо буд»
(Бухорӣ: 1927
Ҳамчунин аз Умми Салама (р) ривоят аст:
« أن النبى ( ص)كان يقبل وهو صائم »
«Паёмбари Худо (с) дар ҳоле, ки рўзадор буд, бўса мекард»
(Мутафақун алайҳ)
Инак назари донишмандон дар мавриди бўса кардан дар вақти рўзадорӣ чист?
Ба назари донишмандон бўса рўзаро ботил намекунад, аммо агар он бўса ҳадаф ва мақсади рўзаро дигаргун намояд дар ин маврид уламои фиқҳ назарҳои худро баён доштаанд.
Ҳадисе, ки аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, омадааст:
« أ ن رجلآ سأل النبى (ص)من المباشر ة للصائم فرخص له و آتاه آخر فنهى عنها ، فإ الذى رخص له شيخ وإذا الذى نهاه شاب »
«Марде аз Паёмбари Худо (с) мубошара кардан барои марди рўзадорро пурсид, Паёмбар (с) ба ў рухсат фармуд. Марди дигаре назди Паёмбар (с) омад ва ўро манъ кард. Он, ки рухсаташ фармуд марди пирсол буд ва он, ки манъаш намуд ҷавон буд.
(Абудовуд)
Бино бар ин ҳадис уламои фиқҳ бўса карданро барои марди пирсол дуруст шумурдаанд ва барои ҷавон ва ё касе, ки қудрати доштани худро надорад ҷоиз намедонанд.

Аммо ончи дар мавриди мулоаба бо ҳамсар бояд гуфт ин аст, ки: агар ҳамхобагӣ ё инзол воқеъ нашавад, ишколе надорад. Чунончи ҳадисеро, ки аз Оиша (р) ривоят аст, омадааст:
«Паёмбари Худо (с) дар ҳоле, ки рўзадор буд, ҳамсаронашро бўса мекард ва ба оғуш мегирифт. Вале бар нафси худ худдортарини шумо буд»
Бино бар ин ҳадис ба оғуш гирифтани ҳамсар дар ҳоли рўзадорӣ ҷоиз аст, аммо ба шарте, ки ҳар ду ҳамсарон мутмаин бошанд, ки ба оғуш гирифтанашон водор ба ҷимоъ намесозад ва ё сабаби инзоли манӣ намегардад. Агар худро дошта натавонанд пас дар ин ҳолат барояшон ҷоиз нест ва бояд дурӣ кунанд, зеро мумкин аст сабаби ботил шудани рўзаашон гардад, ки кафораи рўза доштани ду моҳ пай дар пай барояшон воҷиб мегардад.
Хулоса:
Бўса кардан барои ҷавон ва пирсол мубоҳ аст, албатта барои касоне, ки тавони идора кардани худро доранд.
Агар хавфи ҷимоъ ва ё инзол бошад, назди ҳанафиён ва шофеӣ барои рўзадор макруҳ аст.
Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *