Бӯсидан дар Рамазон дуруст аст, агар…

Дар саҳифаи навбатии “Моҳи Шариф” мусоҳибае дорем бо имом хатиби масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Аслам, маҳаллаи Чаноро 2-и пойтахти ҷумҳурӣ Азизбек Асламов оид ба чанд шарту фазилати моҳи Рамазон

-Домуллои муҳтарам, инак зиёда аз нисфи моҳи Шарифи Рамазон сипарӣ шуд. Имсол ин моҳ дар гармтарин ва дарозтарин рӯзҳои тобистон рост омад. Оё вобаста ба ин, барои мусулмонон ягон сабукие ҳаст?
-Рӯза яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом аст ва шарту шароити он ба ҳамаи пайравони ин дин маълум аст. Аммо дар ҳолатҳое, ки моҳи Шариф дар фасли гармо ва рӯзҳои дарозу шабҳои кӯтоҳ меояд, имом хатибон ва қориёни Қуръон бояд кӯшиш кунанд, ки намози таровеҳро кӯтоҳтар хонанд. Ин як сабукӣ ба намозгузорон аст, ки тавонанд то субҳи дигар қувваи худро барқарор созанд.
-Тавре ки гуфтед, ҳаво хеле гарм аст ва аксар вақт то наздики чил дараҷа мерасад. Ҳавошиносон минбаъд низ болоравии тафси ҳаворо то охири моҳи Рамазон пешгӯӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳоло соҳилҳои дарёи Душанбе ва дарёҳои дигари кишварро пур аз одам дидан мумкин аст. Бигӯед, ки оббозӣ магар рӯзаи касро намешиканад?
-Бале, ҳавои гарм одамонро ба оббозии зиёд, хусусан мардуми рӯзадорро ба он таҳрик мекунад. Не, оббозӣ кардан ба гурӯҳи амалҳое, ки рӯзаро мешикананд, дохил намешавад. Аммо дар вақти оббозӣ, хусусан дар маконҳое, ки обашон истодааст (кӯлу ҳавзҳо ва обанборҳо) эҳтиёт бояд шуд, зеро хавфи ба ҳалқум рафтан ва ё аз бинӣ ба даҳон рафтани об мавҷуд аст. Бинобар ин, ҳатто ғарғараи даҳонро боэҳтиёт кардан лозим аст. Зиёдаравӣ дар ин кор метавонад ба рӯзаи шахси рӯзадор хилол ворид созад. Дар маҷмӯъ, оббозӣ рӯзаи шахси рӯзадорро намешиканад.
-Ба болои он ки Рамазон имсол дар рӯзҳои гарму дарози сол омад, боз ба болои он имтиҳонҳои хатмкунӣ ва дохилшавӣ низ ба ин моҳ рост омадааст.. Оё барои он ки имтиҳонҳоро муваффақона супоранд, довталабон метавонанд рӯза нагиранд, баъд аз он ки имтиҳонҳоро супориданд, қазои худро адо кунанд?
-Албатта, дар тобистон ва дар авҷи корҳо тарки заруратҳои дигар намуда, рӯза гирифтан хеле душвор аст. Вале ҳар заҳмат боз мукофоту ҷазои худро дорад. Бинобар ин, дохилшавандагони муҳтарамро мебояд, ки чаққону боҳуш бошанд ва аз он ки рӯзадоранд, барои худ ва дигарон мушкилот насозанд. Агар бо баҳонаи имтиҳон рӯза хӯранд ГУНАҲГОР МЕШАВАНД ва маҷбуранд барои ҳар рӯзи қасдан рӯза хӯрданашон 2 моҳу даҳ рӯз рӯза доранд, ки барои адои он тамоми умрашон кифоя намекунад.
-Тавре ки ҳоло гуфтед, рӯзаро он чӣ мешиканад, ки аз гулӯи инсон ба поён равад. Пас, носу сигор онро намешикананд, зеро аз гулӯ поён намераванд-ку?
-Не, ин суханон ғалатанд ва носу сигор натанҳо рӯзаро, балки баъзе олимон дар он ақидаанд, ки ҳатто таҳоратро мешикананд. Зеро онҳо ба гурӯҳи кайфиятдиҳандаҳо дохил мешаванд ва ҳарчи кайфият медиҳад, ҳаром аст.
-Ба фикри шумо, нос таҳоратро мешиканад?
-Чун сари ин масъала ихтилофи назар ҳаст, мо бояд тарафи пасттаринашро гирем. Дар ин маврид ягон далел нест, аммо мо бояд аз рӯйи ақл кор гирем.Яъне, гӯем, ки бале нос таҳоратро мешиканад ва аз рӯйи ҳамин амал намоем. Зеро рафту агар ин гуфтаҳо нодуруст бошанд, мо чизеро бой намедиҳем, вале агар дуруст бошанд, он гоҳ намозҳои хондаамон бетаҳорат будааст…
-Домуллои муҳтарам, ҳоло вақти саҳархӯрӣ хеле барвақт аст ва мутобиқ ба тақвими Шӯрои уламо субҳ бояд то соати 3. 10 дақиқа хӯрок хӯрд. Аз он замон то вақти фарзи бомдод (соати 4.10) як соат вақт аст. На ҳар кас то фарорасии он тоқат мекунад ва баъзеҳо хобашон мебарад. Агар онҳо аз хоб бедор шаванд, ки офтоб баромадааст, бомдодро қазо бояд хонанд?
-Не, онҳо то фарорасии гашти рӯз метавонанд хоҳ бо ҷамоат ва хоҳ дар танҳоӣ дар мавриди зарурат ва ё хобмондагӣ бомдодро адо кунанд. Паёмбари ислом дар ин маврид ҳадисе доранд: «Афҷи рузил фаҷри ва иннал аъзаму лил аҷри». Яъне , «шумо намози бомдодро равшантар карда хонед, ки савоби бештар дорад». Аммо хуб мебуд, агар намозро дар вақташ адо кунанд…
-Дар мавриди беморони қанд, ки тайи солҳои охир сафашон хеле афзудааст ва онҳо тоқати ташнагӣ надоранд, шариат дар моҳи Рамазон чӣ ҳукм дорад?
-Аслан, онҳо бояд мувофиқи гуфти табибонашон амал кунанд, аммо ҳастанд нафароне, ки худашон медонанд,ки аз уҳдаи гирифтани рӯза мебароянд ва новобаста ба манъи духтурон ин фарзро адо мекунанд. Рӯза тоате аст байни Худою банда, ки ба ҷуз ин ҳарду дигар касе намедонад, ки ин амал иҷро шуд ё на. Пас, интихоб аз худи банда аст, ки бо кадом роҳ меравад.
-Мебахшед домулло, як саволи андаке ба назарам ноҷое аз як хонанда ворид гардидааст…
-Фарқ надорад, бигӯед. Агар лозим бошад, ҷавоб медиҳем…
-Ин хонанда мегӯяд, ки ҳар замон дар моҳи Рамазон ҳам дар ӯ хоҳиши бӯсидани ҳамсараш пайдо мешавад. Оё ин бӯса рӯзаро намешиканад?
-Шариатро ҷои шарме нест ва хуб аст, ки нисбати ҳамсараш муҳаббат дорад. Аммо ин вобаста ба синну соли пурсанда аст. Агар пирсол бошаду пас аз ин бӯсидан дигар амале содир нагардад, боке надорад ва дар ин маврид рӯза намешиканад. Аммо агар ӯ ҷавон бошаду баъд аз бӯсидан боз бештар шавқманд шавад, он гоҳ аввал таҳораташ ва баъд худое накарда, рӯзааш мешиканад. Беҳтараш то кушодани рӯза тоқат кунад…
-Дар мавриди садақаи фитр ва додани фитри рӯза Шӯрои уламо ҳукми худро эълон кардааст, ки он ба 5 сомонӣ иборат аст. Аммо онро ба кӣ диҳем ки савобаш бештар бошад?
-Ба ҳамаи онҳое, ки ниёзманданд, додани фитри рӯза дуруст аст. Аммо беҳтараш он аст, ки аз наздикони худ оғоз намоӣ, яъне ба ақрабое, ки ниёзманданду вале дар зери васояти ту нестанд, яъне ту мувофиқи шариат рӯзирасонандаи онҳо нестӣ. Минбаъд, ба ҳар каси муҳтоҷ ва ҳатто дастаҷамъона ба масҷидҳо дода, баъд онро мувофиқи салоҳдид ба нодору бечораҳо метавонанд тақсим кунанд. Муҳим он аст, ки хайри шумо ба нодоре расад ва аз ин ҳисоб шумо савобе ба даст оред…
-Ташаккур, барои мусоҳиба ба мою шумо ҳам савобе расад…
Мусоҳиб А. Ҳоҷӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *