Бӯстон: 130 нафар ба ҷои корӣ  таъмин шуданд

Соли 2017 аз ҷониби бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Бӯстон (собиқ  Чкаловск) 130 нафар ба касбу ҳанаромӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ба гуфти раиси шаҳр,  Рухсора Давлатзода  барои бо ҷои корӣ  таъмин кардани сокинони шаҳр ва бекорон 14 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил гардид, ки дар натиҷа 292 нафар шаҳрвандон бо ҷои кории доимӣ таъмин гардиданд:

 -“Инчунин дар ин давра ба 28 нафар шаҳрвандони бешуғл барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бо шарти баргардонидан қарзҳои имтиёзнок таъмин карда шуд.  Илова бар ин дар шаҳри Бӯстон 2 адад маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ бо фарогирии 20 адад дастгоҳи адрасбофӣ фаъолият намуда, беш аз 100 нафар духтарону занон бо таълим ва омӯзиши  шартномавӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин ҳам барои рафъи бекорӣ иқдом ва шуғли муфид мебошад”-афзуд Давлатзода.

 

                                                                                                                       Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *