Бӯстон: 360 кӯдак барои боғча дар навбатанд
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 12 кӯдакистон бо фарогирии 1791 кӯдак фаъолият мекунад. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон, раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода қайд кард, ки аз 12 кӯдакистон 3 адад давлатӣ ва 9 адади дигар кӯдакистонҳои хусусӣ мебошанд, ки аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудаанд.
Ба гуфти раиси шаҳр вазъи кӯдакистонҳо қонеъкунанда буда, ягон кӯдакистони дар ҳоли садамавӣ қарордошта вуҷуд надорад. Танҳо кӯдакистони №13 ба таъмири касметикӣ ниёз дорад, ки онро таъмири онро соҳибкори маҳаллӣ- Абдуқодир Ҷабборзода ба дӯш гирифтааст.
“Вале то ҳол масъалаи таъмини кӯдакон бо кӯдакистонҳо дар мо вуҷуд дорад, ки 360 нафар кӯдакони синни боғча дар навбат истодаанд”- гуфт Раъно Ҳошимзода.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ