Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2020-ро барои довталабони ноҳияи Деваштич, Айнӣ ва Спитамени вилояти Суғд  оғоз кард.

Боиси зикр аст, ки аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои бақайдгирии асосӣ ва сайёр хоҳишмандонро барои иштирок дар ИМД-2020 аз қайд мегузаронанд.  Соли чорӣ бори аввал дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва н. Спитамен нуқтаи бақайдгирӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Довталабон дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.

Соли ҷорӣ, воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 66 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд.

Барои хоҳишмандон иштирок дар ИМД-2020 тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1 ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12 ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд ва пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро муайян кунанд.

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2020барои як довталаб чунин муқаррар карда шудааст:

1) 210 (дусаду даҳ) сомонӣ – марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ва марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ барои иваз кардани интихобҳои аввалия;

2) 25 (бисту панҷ) сомонӣ – марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ барои иваз кардани интихобҳои аввалия ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ.

Лозим ба қайд аст, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин аз пардохти маблағи муқарраршуда озоданд:

— ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола;

— маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

Тибқи фармоиши мазкур, шахсони зерин барои иштирок дар ИМД 2020 аз маблағи муайяншуда танҳо 50 %-ро, яъне – 105 (яксаду бисту панҷ) сомонӣ пардохт мекунанд:

— шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

— маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Падару модарон бояд ҳангоми бақайдгирӣ, бахусус аз ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсилро интихоб кардани фарзандонашон ноогоҳ набошанд.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *