Баҳодур Шерализода: Мамнуъгоҳи Ромит ба қабристон табдил наёфтааст
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, роҳбари ин сохтор Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки соли сипаришуда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 37,3 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва нақшаҳои миллӣ иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025», амалӣ гардида истодааст.
Баҳодур Шерализода ба саволи намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба сарусадоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба он ки дар Ромит мамнуъгоҳи оҳувон мардуми ин маҳалро бе қабристон кардааст,чунин ҷавоб дод: “ин гуфтаҳо асос надоранд ва ҳудуде, ки дар бораи он сухан меравад, ҳанӯз бо қарори Ҳукумати вақт соли 1959 ба ихтиёри мамнуъгоҳ дода шудааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ