Баҳодур Уроқов, хабарнигори “СССР” ба хок супорида шуд
Дирӯз, 11-уми декабри соли равон Баҳодур Уроқов, хабарнигори ҳафтаномаи “СССР” дар вилояти Хатлон даргузашт. Имрӯз ӯро дар оромгоҳи деҳаи Файзалӣ Саидови шуъбаи 4-уми ноҳияи Кӯшониён ба хок супориданд.
Баҳодур Уроқов бештар аз як ҳафтаи охир дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар бистарӣ буд. Наздиконаш мегӯянд, ки баъди муолиҷа дар беморхона аҳволаш хеле хуб шуда буд. Аммо афсӯс, ки ба хона нарафта, дар беморхона вафот кард.
Аз Баҳодур Уроқов шаш фарзанд ятим мондааст. Мутаассифона, кӯдакони журналисти марҳум ноболиғ мебошанд.
Дар маросими видоъ бо журналисти хушном хабарнигорони расонаҳои гуногун, масъулини ноҳияи Кӯшониён ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок карданд.
Баҳодур Уроқов дар рӯзномаи “СССР” пайваста аз мушкилоти сокинон ва камбудии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавод менавишт. Ӯ пайваста талош мекард, ки мушкилоти сокинонро расонаӣ кунад, то масъулин барои ҳалаш жарфтар андеша кунанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ