Баҳогузории 10-хола дар Тоҷикистон

Низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар 140 муассисаи таълимии Тоҷикистон ба таври озмоишӣ роҳандозӣ гардид.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, низоми мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳаи маориф ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор мегирад.

“Пас аз анҷоми он, дар асоси натиҷаҳои озмоиш ва пешниҳоду дархостҳои тарафҳо, Вазорати маориф ва илм таҳияи Низомномаи баҳогузории 10-хола ба меърёҳои арзёбии сатҳи дониш, малака, маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст”,- иттилоъ дод манбаъ.

Дар низоми баҳогузории 10-хола арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ дар меҳвар қарор дошта, натиҷаҳои он барои муайян кардани баҳо ба дониши хонанда нақши ҳалкунанда мебозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *