Баҳои баланди раиси вилоят ба фаъолияти боғпарварони Шаҳристон
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз боғи себи кооперативи тиҷоратии ба номи Мирзо Турсунзода боздид намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар кооперативи мазкур 20 гектар боғи себ мавҷуд буда, боғпарварон ҳамасола ҳосили худро дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мегузоранд.
— Ба гуфтаи деҳқонон, соли равон низ ҳосил хуб буда, моҳи сентябр пухта мерасад. Раиси вилоят ба фаъолияти боғпарварон баҳои баланд дода, барои дар оянда ташкил намудани боғҳои интенсивӣ тавсияҳо дод,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Шаҳристон дар маҷмуъ 1100 гектар боғи себ ташкил карда шудааст, ки аз он 670 гектараш мевадиҳанда мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ