Баҳона чист? Охир, доллар боз ба аслаш баргашт-ку!
Охири моҳи феврал дар пасманзари ҷанг миёни Русия ва Украина рубл нисбат ба сомонӣ коҳиш ёфту доллар баръакс. 100 доллар қариб ба 1500 сомонӣ дакка хӯрд. Ҳама ба таҳлука афтоданд. Тоҷирон маҳсулоти бо нархи қаблан воридшударо бо ин баҳона боло бурданд. Аз ордфурӯш то ширфурӯшу носфурӯш нархро ба осмон расониданд. Баҳона як аст: доллар, маҳсулот бо доллар ворид мешавад. Масхарабозӣ! Ҳоло чӣ? Ранг бинеду ҳол пурсед. Охир, доллар боз ба аслаш баргашт-ку! Афсӯс, дар мо табиист ё анъана шудааст, ки агар нархи маҳсулот боло равад, умед ба пастравии дубора нест. Ҳоло ҳаннотӣ дар бозор, дурӯғ дар омори мақомот — ҳама мардумро хастаҳолу ноумед ба зиндагӣ кардааст.
Ба як маълумоти оморие рӯ ба рӯ шудам. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия плюс” хабар додааст, ки имсол истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон зиёд шуд. Яъне, танҳо давоми 2 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 7,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки 47% зиёдтар нисбат ба соли гузашта мебошад. Намедонам то куҷо ин омори вазорат дуруст аст, ки афзоиш дар истеҳсол ҳаст, вале чаро гарон? Ҳоло 1 кило гӯшти мурғи истеҳсоли худӣ аз 35 то 45 сомонӣ аст.
Таври маълум, Ҳукумати мамалакат ба хотири сиёсати воридотивазкунӣ маҳсулоти воридотиро ба роҳ монда, барои истеҳсолкунандагони ватании гӯшти мурғ ва тухм имтиёзҳо додааст. Бекор кардани боҷи гумрукӣ барои воридоти технология, таҷҳизот ва дигар мавод барои мурғпарварӣ аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин, корхонаҳои истеҳсоли хӯрокаи омехта барои парандагон ва дигар ҳайвонот ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз амволи ғайриманқул озоданд. Мақсади Ҳукумат аз як тараф дастгирии соҳибкорӣ бошад, аз ҷониби дигар, фаровонии маҳсулот ва коҳиши нарх дар бозор аст. Аммо гӯшту тухми мурғ ҳам дар баробари дигар маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои мо гарон ба мушоҳида мерасад. Ҳол он ки, дар ин шабу рӯз гӯшти гову гӯсфанд гарон аст, бояд маҳсулоти гӯшти мурғ ақаллан арзонтар бошаду мардум дастрасӣ дошта бошанд. Аслан, насли гӯшту тухми мурғ дар Тоҷикистон баъд аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар воридот сурат гирифт. Ҳатто маҳсулоти воридотӣ дар муқоиса ба ватанӣ пасттар буд. Маҳсулот ба ҳама дастрас ва мардум қаноатманд буданд. Имрӯз чӣ? Аз як ҷониб, Ҳукумат корхонаҳои мурғпарвариро дастгирӣ мекунад, аз ҷониби дигар, корхонаҳо нархро боло мебаранд. Шояд бозори гӯшту тухми мурғ ҳам монополия аст!?
Такя ба як маълумоти дигари Вазорати кишоварзӣ кардан кифоя аст, ки хулоса барорӣ: ҳоло корхонаҳои мурғпарварӣ дар кишвар то 202 адад афзудааст, ки 3 баробар зиёд нисбат ба 3 соли пеш аст.
Усмон РАҲИМЗОДА, “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ