Баҳриддини Сабур – муҳтоҷи падару модар
Пас аз танаффуси зиёд Баҳриддини Сабур дар рӯзи зодрӯзаш дар ютубканалаш наворе бо номи “Баҳриддини Сабур — муҳтоҷи падару модар…” нашр кард.
— Дар ҷашни мавлудам мехоҳам дар бораи гузаштаи худам қисса кунам,- мегӯяд дар аввали суҳбат.
— Шукри Худованд, ду фарзанд — як писару як духтар ва зиндагии орому осуда дорам. Лекин хушбахтии маро як чиз комил намесозад: надоштани падару модар. Бисёр афсӯс, ки хеле барвақт волидонамро аз даст додам. Ман фикр мекунам, ки инсон тамоми давлату сарвати дунёро метавонад ба даст орад, вале ба ҷуз падару модар. Бисёр афсӯс мехӯрам, ки ҳамчун фарзанд натавонистам рисолати фарзандии худро назди волидон анҷом диҳам. Гарчанде ки аз ман розӣ буданд ва болои сарам дуо мекарданд, вале боз афсӯс мехӯрам, ки хизматашонро накардам. Ҳамеша муҳтоҷам ба падару модар ва равонашон шод бошад. Онҳо фариштаҳои зебои зиндагиям буданд,- илова мекунад ӯ.
Баҳриддини Сабур нақл мекунад, ки дар деҳа ба дунё омада бошад ҳам, аз кӯдакиву наврасӣ ҷӯраи зиёд надошт ва зиёд ба бозӣ машғул намешуд, балки бисёр меҳнатдӯсту кордӯст буд. Дар таътилҳои тобистона, ки ҳамагон ба оббозӣ мерафтанд, бо як рафиқаш ба хушачинӣ рафа, аз меҳнати худаш либосҳои мактабӣ мехарид. Пас аз ба пойтахт кӯчидан бо бародараш дар бозори “Султони Кабир” рафта, ба борбардорӣ машғул мешуданд.
Баҳриддини Сабур хатмкардаи риштаи рӯзноманигори телевизиони ДДСФТ буда, бо як қатор телевизиону радиоҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дошт. Дар Ютуби тоҷикӣ ҳам яке аз нафарони маъруф буда, муаллиф ва пешбарандаи барномаи овозодари “Бонуи пурҳунар” аст.
Дар идомаи суханронияш доир ба дастовардҳояш мегӯяд ва ба ҳаводорони эҷодаш маълум мекунад, ки яке аз муваффақтарин ва серталоштарин эҷодкори ҷавони кишвар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ