Баҳси қабули Парчам: Боз ҳам идеяи Бобоҷон Ғафуров ғолиб шуд

Пас аз заволи Давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз ҷумла парчами миллӣ, ба вуҷуд омад. 

Бо мақсади ҳар чӣ зудтар қабул намудани шаклу намуди рамзҳои давлатӣ аз 28 июни соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.

Ҳамзамон ҳамон вақт озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ эълон гардид. Барои натиҷагирӣ аз кори ин озмун, ҳамзамон, комиссияи вижае таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимӣ таъсис ёфт.

Аз рӯи навиштаи рӯзноманигори шинохта Н. Муъминов, ки бевосита шоҳиди ҷараёни кори комиссия буд, бо ташаббуси Рассоми халқии ИҶШС Суҳроб Қурбонов гурӯҳи кории комиссия дар ҳайати Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев, раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон А. Заневский, санъатшинос Лариса Додихудоева, рассомон Н. Игнатушина ва М. Саидалиев таъсис дода, ба онҳо омода намудани ангораи парчам ва нишони давлатиро супориш доданд.

Ҳангоми интихоби рангҳои парчам байни нафарони алоҳида баҳсҳо сурат гирифта, баъзеҳо ҳатто пешниҳод намуданд, ки ранги сурх аз парчами Тоҷикистон чун рамзи давлати коммунистҳо бардошта шавад.

Бинобар навиштаи Н. Муъминов «Онҳо ба ҷои ранги сурх ранги ҷигарӣ ё қаҳвагиро пешниҳод мекарданд. Ҳатто нафаре аз иштирокчиёни озмун, ки худ номзади илм буд ва дар Академияи илмҳо кор мекард, аз рангҳои ҷигарӣ, сафед ва сабз байрақ сохта, дар майдони «Шаҳидон» онро барафрохта буд».

Ба рафти ин баҳсу мунозираҳо, хушбахтона, нафарони огоҳ аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик, ба монанди олимон  А. Мухторов, М. Осимӣ, Ф. Тоҳиров, Л. Додихудоева ва дигарон дахл намуда, кори комиссияро аз хатари чунин суханону пешниҳодҳои по дар ҳавою эҳсосотӣ эмин нигоҳ доштанд.

Рӯзноманигор О. Латифӣ аз ҷонибдор будани Б. Ғафуров аз се ранг: сурх, сафед ва сабз дар парчами соли 1953 ёдоварӣ намуда, иштирокдорону мухолифони ранги сурхи парчамро мутмаин намуд, ки қабули он ҳеҷ хатареро эҷод намекунад.

Ҳамин тавр, баъди баҳсу мунозираҳои зиёд Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо инъикоси се ранг: сурху сафеду сабз ва дар маркази он акси тоҷ бо ҳафт ситора аз тарафи комиссияи зикршуда қабул шуда, дар ҷараёни Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 он баррасӣ ва тасдиқ шуд.

Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Тарзу усули истифодабарӣ ва аз лиҳози ҳуқуқӣ чӣ тавр муносибат намудан бо  Парчами давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 муайян гардидааст.

Хушбахтона, бо шарофати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рӯзи 24 ноябрро чун «Иди парчам» ҳамасола таҷлил карда шавад.

Аз ин лиҳоз Президенти мамлакат ноябри соли 2009, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод намуд.

Ҳамин тариқ, тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 минбаъд рӯзи 24 ноябр чун рӯзи «Иди парчам» муқаррар гардид. Дар санаи 30 августи соли 2011 бошад, дар маркази шаҳри Душанбе манораи 165 метраи Парчами Тоҷикистон қомат афрохт, ки 30 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дорад. Бо ин шаҳомат манораи Парчами Тоҷикистон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил карда шуд.

 Давлатшоҳ Маҳмудов,

 омӯзгори факултети таърихи ДДОТ

 ба номи Садриддин Айнӣ

 Қиммат Юнусова

 омӯзгори МТМУ №17-и

 ноҳияи Варзоб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *