Ба ҷойи вакилон гов харед! Пешниҳоди зан ба Ҳукумат

Як зани афғон фоидаву зарари вакилони Ҳукумати Афғонистон ва нафъу беҳтарсозии рӯзгорро бо гову шир қиёс карда, пешниҳод кардааст, ки маблағи маоши намояндагони парлумонро ба харидани гов сарф кунанд.

Биёед, 4 сол Маҷлис (порлумон)-ро таътил кунед ва маоши намояндагонро ба хариди гови ширдеҳ ихтисос диҳед.
375 намоянда дорем, ки маоши ҳар кадом дар як моҳ, 326 ҳазори афғонӣ аст. Нархи ҳар гови ширдеҳ, маъмулан 80 ҳазори афғонӣ, яъне бо маоши моҳонаи як намояндаи Маҷлис, метавон 4 гови ширдеҳ харид. Яъне дар як моҳ, 1500 гови ширдеҳ!

Дар як сол, ин адад ба 18000 гов бо тавлиди шир ба мизони 2 миллион литр дар сол мерасад, ки ин адад, дар 4 сол 86400 гов ва як миллиард литр шир мешавад!

Ин мизон баробар аст бо кулли тавлиди шири кишвари Донморк, ки кишварашонро бо ин миқдор тавлид идора мекунанд!

Барои таъмини хошоку алафи говҳо низ метавон аз ҳазинаи тағзия (хӯрду хӯрок) ва сафарҳои намояндагон истифода кард, ки зиёдӣ ҳам мекунад!

Аз намояндагони бехосият барои мо ҳеч фоидае нест!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *