Ба Ӯзбекистон – бо интернети мобилӣ аз “Анор”!

Оператори инноватсионии “Анор” пешниҳод дорад, ки ҳангоми сафарҳо ба Ӯзбекистон интернети мобилӣ бо шартҳои имтиёзнок истифода бурда шавад. Бо опсияи тарофавии “Ӯзбекистон Онлайн” муштарии ширкат 5 Гб-ро бо нархи ҳамагӣ 15 сомонӣ ба даст меорад. Ин аз нархи ҳамин миқдори трафик дар роуминг 1 521 сомонӣ камтар аст. Сарфа басо назаррас аст.

Барои пайвасткунии опсия Шуморо сараввал зарур аст, ки се шартро иҷро намоед. Якум – дар танзимоти телефон вориди SIM-феҳрист ё SIM-барнома (дар намунаҳои iOS) шуда, дар қисми “Роуминг” ба “Реҷаи интихоби обуна” гузаред. Агар реҷаи “Автоматӣ” фаъол бошад, ба реҷаи “Дастӣ” гузаред. Шарти дуюм – хизматрасонии ройгони “Ҳамсояҳои роумингӣ”-ро бо рақамчинии *390*1# пайваст кунед. Ва сеюм – дар тавозун на камтар аз 20 сомонӣ маблағ дошта бошед.  

Опсияи “Ӯзбекистон Онлайн” ба таври автоматӣ вақте ҳангоми воридшавӣ ба Ӯзбекистон муштарӣ истифодабарии хизматрасониҳои мобилиро оғоз мекунад – занг анҷом медиҳад, SMS ирсол мекунад ё тариқи телефон интернетро истифода мебарад, фаъол мегардад. Инчунин опсияро метавон мустақилона бо ирсоли USSD-дархости *305*65# фаъол намуд. Дар ҳудуди Ӯзбекистон хизматрасониҳои алоқа дар шабакаи Ucell пешниҳод карда мешаванд.

Дар сурате, ки агар муштарӣ дар сафар 5 Гб-ро пурра истифода барад, нархгузории минбаъда аз рӯи нархҳои стандартии роумингӣ анҷом дода мешавад. Барои Ӯзбекистон ин 0,3 сомонӣ барои 1 Мб, ё 307,2 сомонӣ барои 1 Гб мебошад.  Ҳамин тариқ, 5 Гб аз рӯи нархи асосӣ ба 1 536 сомонӣ баробар аст. Бо опсияи пайвастшудаи “Ӯзбекистон Онлайн” муштарӣ бо истифодаи чунин ҳаҷми трафик 1521 сомонӣ маблағи худро сарфа менамояд. Бақияи бастаро бо рақамчинии USSD-дархости *104# санҷидан мумкин аст. Ҳангоми зарурат опсияи “Ӯзбекистон Онлайн”-ро метавон бо аз нав пайваст карда, интернетро бо нархи муфид истифода намуд. Барои ин опсия бояд бо рақамчинии USSD-дархости *305*64# қатъ карда шуда, сипас бо дархости *305*65# пайваст карда шавад.

Муҳлати амали опсияи “Ӯзбекистон Онлайн” – 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи фаъолкунӣ. Бо гузашти ин муҳлат опсия ба таври автоматӣ қатъ мегардад. Опсия танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътибор дорад.

Агар муштарии “Анор” хоҳиши пайвасткунии опсияро надошта бошад, ӯ метавонад онро мустақилона бо рақамчинии *305*64# қатъ намояд. Агар дар вақти қарор доштан дар Ӯзбекистон муштарӣ интернети мобилиро истифода накарда, бастаи трафик норасида боқӣ монад, пардохт барои опсия якбора пас аз қатъгардии он ба ҳисоби телефон баргардонида мешавад. 

“Ӯзбекистон Онлайн”-ро пайваст карда, 4G-интернети баландсуръатро дар хориҷа истифода баред ва маблағро сарфа намоед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *