Ба 60 нафар занону духтарон грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуд
60 нафар занону духтарони ҳунарманди шаҳру навоҳии вилояти Суғд соҳиби грантҳои Раиси вилояти Суғд гардиданд. Бояд гуфт ки чанд сол инҷониб грантҳои МИҲД-и вилоят ҷиҳати дастгирии фаъолияти занон таъсис ёфта, занони ҳунарманди вилоят солҳои 2010-2023-юм 4 миллион сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб шуданд ва дар баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаашон, ҳамчунин барои занону духтарони дигар низ ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис доданд.
Соли ҷорӣ баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» 60 адад гранти Раиси вилоят, аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба комиссияи грантҳои Раиси вилоят 138 лоиҳаи дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, гулпарварӣ ва амсоли инҳо ворид гардид.
Занони ҳунарманд ният доранд, бо истифода аз маблағи грант ҳаҷми фаъолияти коргоҳашонро васеътар кунанд, аз 10 то 20 нафар бонуро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд.Тибқи лоиҳа зиёда аз 550 нафар бонувон бо кору омўзиш фаро гирифта мешаванд.
Раиси вилоят ба 60 нафар бонуи ҳунарманди вилоят грантҳоро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки занону бонувони соҳибкору меҳнатқарини вилоят бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмин намудани занону духтарон бо ҷойҳои арзандаи корӣ ва таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат ва ватанпарастӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ