Ба ҳар ветеран 5 ҳазор сомонӣ

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба ва дар иртибот ба 74-солагии пирӯзӣ ба Олмони фашистӣ ҳукумати Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо кардааст.

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба ва дар иртибот ба 74-солагии пирӯзӣ ба Олмони фашистӣ ҳукумати Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо кардааст.

Ҳамчунин, мақомоти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон ба собиқадорони ҷанг ва хонаводаи онҳо кумакҳои якдафъаинаи молӣ супурдаанд.

Феълан дар Тоҷикистон 241 нафар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки “ҷавонтарин”-и онҳо 93-сола мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Валӣ Сайёрабеков, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба Tajikistan times гуфт, ки Раҳимбой Раҳматов ва Абдуҳаким Абдусаминов аз вилояти Суғд ва Тоштемир Маҳмудов аз шаҳри Душанбе дар паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар 9 май ширкат мекунанд.

Дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 беш аз 300 ҳазор марду зани Тоҷикистон ширкат карда ва 93 ҳаззор нафар ҳалок шуданд.

54 сокини Тоҷикистон барои корномаҳои бузурги ҷангӣ ба унвони олиии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *