Ба ҷавобгарӣ кашидашудани се судя

Додситонии кулли Қирғизистон нисбати се судяи додгоҳи олии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар ҳамин ҳол, нисбати афроди масъули дастгоҳи Додгоҳи олӣ ва СИЗО-1-и шаҳри Бишкек низ парванда боз шудааст.

Жаркиной Азиева, намояндаи додситонии кул хабар дод, ки «инҳо дар поймол кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд ва ҳабси ғайриқонунии вай айбдор мешаванд».

«Дар доираи парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрванд О.Т. қарори манъи хориҷ шудан аз ҷои зист қабул шуд. 25 августи соли 2017 додгоҳи ноҳиявӣ дар ҷараёни баррасии парвандаи О.Т. ӯро муддати як моҳ ба ҳабс гирифт. Додгоҳи зинаи болоӣ ин қарорро бе тағйир боқӣ гузошт. О.Т. ба додгоҳи олӣ шикоят бурд. Додгоҳи олӣ 6 апрели соли 2018 шикоятро дарёфт, аммо давоми 15 рӯзи муқарраркардаи қонун, онро баррасӣ накард», — хабар медиҳад намояндаи додситонӣ.

Масъулони СИЗО-1 дар навбати худ, салоҳиятҳояшонро сарфи назар карда, шаҳрванд О.Т.-ро 12 рӯз ғайриқонунӣ дар ҳабс нигоҳ доштаанд. Шикояти О.Т. танҳо 14 майи соли 2018 дар додгоҳи олӣ баррасӣ шудааст. Ба ин тартиб, дар натиҷаи фаъолиятҳои ғайриқонунии масъулони зикршуда ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд О.Т. поймол гардидаанд.

Расонаҳо менависанд, ки ин шаҳрванд Темирлан Ормукови нобиност. Вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки зидди судяҳои додгоҳи олӣ шикоят накардааст.

«Ба ман муфаттиши додситонии кул тамос гирифт. Пурсид, ки оё ман ариза менависам, ман посухи рад додам», — гуфт Ормуков. Вай аз эҳтимол дур намедонад, ки додситонӣ ӯро ба манфиати худ истифода хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *