Ба ҷавони нобино ба шавҳар бароям?
Салом кормандон ва хонандагони азизи газетаи “Оила”.Мухлиси ин ҳафтанома ҳастам ва тамоми мақолаҳояшро мехонам. Имрӯз худ қалам ба даст гирифтам, то мушкилиамро нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Рӯзе фориғ аз корҳои хона суратҳоямро дар телефон тамошо мекардам, ки аз як рақами ношинос занг омад. Гӯширо бардоштам. Ҷавоне боодобона салом дода, майли шинос шудан намуд. Хоҳишашро рад карда, телефонро хомӯш намудам. Рӯзи дигар он ҷавон боз занг зада, меҳрубонона хоҳиш кард, ки ҳарду дӯст шавем. Азбаски бисёр боодобона ҳарф мезад ва ягон сухани ноҷо намегуфт, розӣ шудам. Пас аз чанд моҳи суҳбатҳои ширини телефонӣ ман Табрезро аз наздик дидам. Ҷавони хушқаду қомат, вале нобино будааст. Каси дигар мебуд, шояд дарҳол пушташро гардонда мерафт, вале ман, ки дар ин муддат хислату хӯйи нек ва дунёи зебои ботинии Табрезро омӯхта, ба ӯ дил баста будам, ба иллати чашмонаш нигоҳ накарда, қарор додам, ки ба ҳамин ҷавон ба шавҳар мебароям, аммо…
Вақте Тарбез ба хонаи мо хостгор фиристод, волидони ман нобино будани ҷавонро фаҳмида рад карданд. Мо ҳамдигаро дӯст медорем, вале падарам мехоҳад маро аз маҳбуби дилам ҷудо карда, ба писари ҷӯрааш ба шавҳар диҳад. Ҳарчанд мегӯям, ки дили ман ба Табрез моил аст ва барои ман аҳамият надорад, ки ӯ чӣ нуқсону камбудӣ дорад, пайвандонам маро фаҳмидан намехоҳанд. Мехоҳам даст ба худкушӣ даст занам, вале аз азоби охират тарсида худдорӣ мекунам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Магар одами нобино ҳақ надорад, ки бо шахси бино зиндагии хушбахтона бунёд намояд?
НАРГИС, аз деҳаи Роҳатӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ