Ба ҷавони тоҷик чӣ шуд?

Муҳоҷири 19-солаи тоҷик Мамаҷобир Наҷмиддинов як ҳафта боз дар бемористони Набережние Челнии Русия дар ҳолати мадҳушӣ таҳти табобат қарор дорад. Табибон мегӯянд, косахонаи сари Маҳмаҷобир шикаста, сутунмӯҳрааш низ осеб дидааст.

Мамаҷобир Наҷмиддиновро дар соҳили дарёи Кама рӯзи 30 июл дар ҳоле пайдо карданд, ки ӯ дар тан аз либос фақат труси дошт ва беҳуш буд. Мамаҷобирро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони марказии ёрии таъҷилии шаҳри Набережние Челни бурданд. Табибон мегӯянд, ки бар асари зарба косахонаи сари Мамаҷобир шикаста, сутунмӯҳрааш низ зарб хӯрдааст.

Нашрияи «Челнинские известия”, ки ин қазияро аз рӯзи аввал пайгирӣ дорад, рӯзи 6 август хабар дод, ки Мамаҷобирро алакай ҷарроҳӣ кардаанд, вале як ҳафта боз табаш пойин намефарояд ва ин ҷавони тоҷик ҳамчунон дар ҳолати мадҳушӣ дар бахши реаниматсияи бемористон қарор дорад.

Саид Азизов, тағои Мамаҷобир мегӯяд, ки ҷиянаш моҳи декабр барои кор ба Набережние Челни омада, ҳамроҳи вай дар як хона зиндагӣ мекард.

Дар лаби дарё ва бе либосу бе аснод ёфт шудани Мамаҷобир хешовандонашро дар як ҳоли ташвиш гузошта буд, ки бо ӯ рӯзи 30 июл чӣ гузашта бошад?

Саид Азизов ба ин манзур шумораи телефонашро дар нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла дар «Челнинские известия” нашр карда буд, ки аввалан, шоҳидони айниро пайдо карда, асли қазияро бифаҳмад ва сониян, асноди ӯро пайдо кунад.

Саид Азизов ба «Челнинские известия” гуфтааст, асли ҳодиса тақрибан маълум шудааст: «Чанд нафар ба ман занг заданд ва гуфтанд, он рӯз ҷавонеро дида буданд, ки ба об ғутта зад, вале баъди чанд лаҳзае дар ҳолати мадҳушӣ рӯи об баромад. Ба эҳтимоли ғолиб, Мамаҷобир ягон ҷои хатарнок ва начандон чуқурро барои оббозӣ интихоб кардааст ва вақте ба об мепарад, сараш ба зери дарё бархӯрдааст. Охир ӯ бори аввал ба дарёи Кама барои оббозӣ рафта буд.”

Аммо дар масъалаи пайдо кардани асноди гумшудаи Мамаҷобир, бо вуҷуди ваъдаи тӯҳфа пешравие то имрӯз нест. Саид Азизов гуфт, баъзе қаллобон ҳатто хостаанд, ки аз ин бадбахтӣ барои худ пул кор кунанд: «Як мард занг заду гуфт, ки шиносномаи ҷиянат дар дасти ман аст. Ӯ барои ин аснод 5000 рубл хост. Мо дар назди фурӯшгоҳи «Торговий квартал” қарор гузоштем, вале ӯ наомад. Баъд боз занг заду гуфт, ки пулро ба ҳисоби телефонаш гузаронам. Ман фаҳмидам, ки онҳо қаллобанд.”

Саид Азизов мегӯяд, асноди Мамаҷобир, бахусус шиносномааш барои анҷоми корҳои аснодии табобати ӯ ва барои тафтишоти пулис лозим аст. Ӯ аз ҳама хостааст, ки агар касе дараки санадҳои Мамаҷобир Наҷмиддиновро дорад, бо шумораи 8-960-059-82-53 бо вай тамос бигирад.

Набережние Челни дар соҳили рӯди Кама ҷойгир шуда, яке аз бузургтарин шаҳрҳои ҷумҳурии Тотористони Русия мебошад. Челни, ки шаҳри саноатист, яке аз маконҳои умдаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *