Бақайдгирии амвол низ дар назар аст
«Озодӣ» ба иттилои манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон такя намуда, хабар медиҳад, ки баҳри аз нав ба қайдгирии аҳолии кишвар то соли 2020 як комиссия махсус таъсис дода шудааст. Қарори ҳукумат дар ин робита ҳанӯз 7-уми сентябр содир шуда, нусхааш рӯзи 1-уми октябр ба дасти ин расона расидааст.
Бинобар ин қарор, Тоҷикистон илова бар аз нав ба қайдгирии аҳолӣ ният дорад, манзили сокинон ва молу ашёи зарурии рӯзгор ба мисли телевизиону мошини ҷомашӯӣ, чангкашак ва яхдонҳоро ҳисоб кунад. Мақомот то ҳол ин тасмими худро шарҳ надодаанд.
Маъракаи мазкур маъракаи хеле пурхарҷ аст ва барои гузарондани он дар соли 2020 Тоҷикистон ба 2 миллион доллар эҳтиёҷ дорад. Ҳар чанд дар ин кор ба Тоҷикистон бахусус Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид кумаки молиявӣ расонад ҳам, 15 фоизаш аз буҷети давлат ҷудо кард мешавад.
Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунад, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2019 ба беш аз 9 миллион мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ